Ман Довуд, сокини шаҳри Душанбе ҳастам. Ҳангоми дар курси якум таҳсил карданам бо духтаре шинос шуда, дар аввал бо ҳам телефонӣ гап мезадем.
Боре ҳатто дасташро нақапида будам,вале самимона дӯсташ медоштам ва ӯро ба занӣ гирифтан мехостам. Рухшона бошад, ҳар дафъа пешниҳоди маро рад карда мегуфт, ки “агар модарам дӯстдошта доштанамро фаҳмад, аз боварияш мебароям”. Хулоса, баҳонаҳои зиёд карда, аз фотеҳа карданамон сарпечӣ мекард.
Вақте ба курси сеюм гузаштем, рафтору тарзи либоспӯшияш якбора дигаргун гашта, ба зангҳоям ҷавоб намедодагӣ шуд. Ҳамин тавр телефонашро хомӯш кард. Ӯро кофта ба наздаш рафтаму сабаби сардияшро пурсон шудам.
Бо қошу қавоқи гирифта хабар дод, ки бо ҷавоне фотиҳааш кардаанду дигар суроғаш накунам. Пас аз чанд вақт дар ҳақиқат Рухшона шавҳар карда рафт ва бо ҳамин муносибати мо канда шуд. Рӯзе дар кӯча бо дугонаи наздикаш вохӯрдам. Дугонааш нақл кард, ки дар вақташ Рухшона пинҳонӣ аз ман бо ҷавони пулдору мошиндоре муносибатҳои ошиқона доштааст. Вай бо ҳамон ҷавон оиладор шуда, баъди чанде хабардор мешавад, ки шавҳараш зану фарзанд доштааст.
Тифл дар батн ба хонаи волидонаш баргашта, айни замон дар ба дар шудааст. Ман бошам, ҳоло ҳам оиладор нашудаам, зеро дигар ба ягон духтар боварӣ надорам.
Ба духтарон гуфтаниам, ки бо эҳсоси мардон бозӣ накунанд. Аз қафои пулу мол давида, оқибат шармандаву рӯсиёҳ мешавед!