Ишқ аз як нигоҳ
Чӣ қадар душвор буд барои як зани муштипар дар он солҳои баъди ҷангӣ, ки сари ҳар қадам камондорон мегаштанд, ба тиҷорат шуғл варзидан. Боре дар ҳамин гуна сафарҳояш Гулроз бо Субҳон шинос шуд, ин мард сарвари як корхонаи хусусӣ буд. Ҳарчанд Субҳон баръакси Самад калтақомати тоссари камҳусн буд, вале ба Гулроз хеле кумак кард. Зан бори аввал эҳсос кард, ки дар паҳлӯят будани марди ҳақиқӣ чӣ қадар мушкилатро осон мекунад. Субҳон зану шаш писар дошт, вале аз ҷону дил ошиқи шайдои Гулроз гашт. Ҳар гоҳе зан ба шаҳр равад, онҳо вомехӯрданд ва Гулроз ҳам ба ин мард дил монд. Субҳон аз Гулроз хоҳиш кард, ки аз шавҳараш ҷудо шуда, зани дуюми ӯ шавад ва Гулрози аз мард будан хаста розӣ шуд. Самад пеши пойи Гулроз афтида, зор-зор мегирист, ки ӯро напартояд, вале зан хонаву дару замину молу ҳолашро ба Самад гузошта, танҳо чанд либосашро гирифта, ба пойтахт омаду зани дуюми Субҳон шуд. Субҳон ба ваъдааш вафо карда, барои ӯ дар як бинои нӯҳошёна хонаи панҷҳуҷрадори хушҷиҳоз харид ва Гулроз хонашин шуд. Зани ҳамеша сари кор танҳо як моҳ дар хона шишта тавонист ва Субҳон барои ӯ дар корхонаи як ҷӯрааш кор ёфт, акнун Гулроз муҳосиб буду ҳар рӯз мисли занони шаҳрӣ оростаю пероста шуда, ба кор мерафт. Синаш ба шаст дакка хӯрад ҳам, хеле ботаровату ҷавон менамуд, Субҳон аз Гулроз се сол калон буд, ба хотири пулу молаш гирдаш хонумҳои зиёде парвона буданд, аммо дили ӯ моилу шефтаи Гулроз буд. Баъди тарки хонаву дару шавҳараш кардан, касе аз пайвандонаш бо Гулроз гап намезад, аммо ӯ дар паноҳи ишқи бузурги Субҳон худро ҳаргиз танҳо эҳсос намекард.
Марг бидуни ишқ
Гулрози тозаву озода ва хушсухану зебо дили мардро аз худ кард ва Субҳон қариб ҳар шаб бо ӯ буд. Гулроз бо Субҳон маслиҳат карда, мехост аз ятимхона тифлакеро ба тарбия гиранд, рӯзи рафтанашонро низ муайян карданд, вале…
Як шом Субҳон телевизор медиду Гулроз бошад, дар ошхона тушбераи дӯстдоштаи ӯро тайёр мекард, ҳамин вақт дарро сахт куфтанд. Гулроз давида дарро кушод, ки пушти дар чанд ҷавони ҳузарб меистоданд. Онҳо бе пурсиш вориди хона шуда, рост назди Субҳон рафтанд, шаш ҷавонмарди ҳузарб мисли сарбозон саф кашиданд, Субҳон ҳайрон аз ҷояш хеста гуфт:
-Ҳа, тинҷӣ?!- Гулроз низ дар бари шавҳараш рост шуд, ҳамин вақт яке аз бачаҳо гуфт:
-Ота, ҳамин ҳозир муайян намо ё мо ё ҳамин бева! Мо ҳарсеямон қавли мардона медиҳем, агар ҳозир талоқи ҳамин беваро дода, ҳамроҳи мо наравӣ, дигар ёди мо накун, модари мо аз ин чӣ камӣ дорад? Субҳон хост чизе гӯяд, вале ҳамон ҷавон гуфт?
-Ота ё мо ё беваат!!!- Гулроз пеши пойи писарони шавҳараш афтида, зорӣ кард, ки ин хел шарт нагузоред, майлаш бо шумо равад, лекин талоқи маро надиҳад. Аммо Субҳон писарҳояшро интихоб кард ва талоқи Гулрозро дода, ҳамроҳи онҳо рафт, Гулроз назди дари кушода афтид. Ҳамсояаш Гулчеҳра, ки ҳамшаҳрияш буду омадани шаш ҷавонро дида буд, зуд ба хона даромада, Гулрозро мурда дарёфт. Мурдаи Гулрозро бо мадади Гулчеҳраву шавҳараш ба зодгоҳаш бурданд, бародараш ӯро ба хонаи падарӣ роҳ надод, Самад инро шунида, дав-давон назди мошин омада, мурдаи Гулрозро ба ҳавлияш бурд. Самад то ҳол зан нагирифта буд, дар як дам рӯйи ҳалӣ пур аз одам шуд, сари тобути Гулроз апааш мегиристу Самад…
Пас аз шаш моҳи марги Гулроз Самад низ вафот кард, хонаву дари онҳоро имрӯз як ҷияни Самад соҳибӣ мекунад.