Formula novemver 2024
ИШҚИ МАРГОВАР
10.06.2021
Оила
6194

 

Мардуми маҳаллаи Майсазор саҳарӣ ба сӯи саҳро мерафтанд, ки ба гӯшашон фиғони ваҳшатзову дилхарош расид. Ҳама осемасар ҷониби овоз давиданд ва фаҳмиданд, ки зани Очилбой Мусаллам худашро оташ задааст.

Одамон ҳайрон буданд, “Ӯро чӣ алам расида бошад, ки ба ҷонаш ҷабр кард?” мегуфт яке, дигарӣ «Касофатӣ зад, Худо дергиру сахтгир аст» гӯён, марҳумро маломат мекард. Ҳар кас ба таври худ сабаби ин фоҷиаро шарҳ дода, гиребони тавба медошт…

Духтари гулдаст

Мусаллам мактаби миёнаро бо баҳои «хуб»-у аъло хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи омӯзгорӣ супурд, вале аз имтиҳони дуюм баҳои ду гирифту ноком гашт. Падару модараш ӯро дилдорӣ медоданд, ки руҳафтода нашавад, соли оянда бахташро месанҷад, вале дили духтар хунук шуда, ба деҳа баргашту касби дӯзандагиро пеша намуд. Аввал шогирд истод, баъд устоди касби хеш гардид. Аз саҳар то бегоҳ ба шогирдонаш нозукиҳои ҳунарро меомӯзонд. Куртаҳои дӯхтааш ҳаваси мардумро меоварданд. Ҷавонони маҳалла ба ҳусну ҷамоли Мусаллам бо ҳавас менигаристанд. Рӯзе аз роҳ мегузашт, ки касе аз пасаш садо кард:

-Ҳа, Мусаллам, нашинохтӣ?

Мусаллам ба қафо нигариста писари ҳамсояашон Аслиддинро дид, ки ду сол пеш мактабро хатм намуда дар муҳоҷирати корӣ буд.

Онҳо хеле аҳволпурсӣ намуданд.

Муҳаббати ноком

Вохӯриҳои Аслиддину Мусаллам аз ин пас тез-тез сурат гирифта, оҳиста-оҳиста ба меҳру муҳаббат табдил ёфтанд. Аслиддин ба аҳдаш устувор монда хостгор фиристод, аммо модари Мусаллам «ман духтарамро аз кӯдакиаш ба писари хоҳарам гаҳворабахш кардагӣ» гӯён, рад кард.

Мусаллам ба модараш дар бораи ишқу муҳаббаташон бо Аслиддин ва нуқсонҳои никоҳи хешу таборӣ борҳо гуфта бошад ҳам, модар ба қавлаш устувор монда, барои ба висоли ҳамдигар расидани дилдодагон дуо надод. Беҳуда будани баҳсу муборизаро эҳсос намуда, Мусаллам дигар ба мулоқоти Аслиддин набаромад, то дар маҳалла гапи зиёд нашавад.

Келини хола

Тӯйи Мусалламу Ҳалим дар тарабхонаи «Фароғат» баргузор шуд. Дар шабнишинӣ қатори дигарон Аслиддин ҳам иштирок дошт ва Мусалламро бо либоси сафеди арӯсӣ дар бари Ҳалим дида, дарун-дарун месӯхт. Мусалламро зери навои карнаю сурнай ба хонаи бахташ гусел карданд. Дар сар хаёли Аслиддин ночор ба тақдир тан дода, ӯ бо Ҳалим дар як болин сар монд. Зиндагиашон хуб мегузашт. Мусаллам холаашро иззату эҳтиром менамуд, хола-хушдоманаш бошад, ӯро ҳамчун духтари худаш дӯст медошт, аммо ба бахти бади ӯ Ҳалим бемор шуд. Дар назди бисёр табибон табобат гирифта бошад ҳам, касе ба дардаш дармон наёфт. Мусаллам аз бахти бадаш менолид. Зан гирифта ҳамсарашро ҳамроҳаш ба Русия бурдани ишқи аввалаш Аслиддинро шунида як аламаш сад алам мешуд.

Шикасти бахт

Шавҳараш баъди се соли беморӣ аз олам гузашту Мусаллам ба хонаи модараш баргашт. Акнун ӯро танҳо мардони калонсоли занмурда ё бефарзанд хостгорӣ мекарданд. Мусаллам ба ҳама талабгоронаш ҷавоби рад медод. Занҳои деҳа насиҳаташ мекарданд, ки умрашро беҳуда нагузаронда якеро интихоб намояд. Тақрибан як сол пас Очилбой ном ҷавонмарди фарзанднадошта ба хонаашон хостгорӣ омад ва Мусаллам ҳарчи бодо бод гӯён розӣ шуд.

Вохӯрии тасодуфӣ

Бо шавҳари дуюмаш қариб як сол зиндагӣ карда бошад ҳам, ҳеҷ нахли умраш бор намеовард. Дар ба дари табибу духтурҳо медавид Мусаллам бо нияти фарзанддоршавӣ. Рӯзе дар роҳ бо Аслиддин вохӯрд.

-Мусаллам, ҳамааш аз тақдир будааст, аз бахти аввал надидӣ, бигзор аз дуюмаш бинӣ,-оҳи сард кашида гуфт Аслиддин.

-Одами наосуда аз бахти дуюм ҳам намеосудааст. Дар орзуи модар шудан ҳастаму ҳеҷ Худо лоиқ надида истодааст, -дарди дил кард Мусаллам.

-Ба ман мерасидӣ, кайҳо бачадор мешудӣ,-нимшӯхию нимҷиддӣ таъкид кард Аслиддин.

-Беҳтараш гузаштаро варақ назан,-инро гуфта дар чашмони Мусаллам ашк давр зада, гиря гулӯгираш намуда, дигар чӣ гуфтанашро намедонист. Дар атроф одамон бисёр буданд ва аксарияташон аз меҳру муҳаббати ҷавони онҳо хабар доштанд, бинобар ин, Аслиддин таклиф кард, ки рӯзи дигар дар ягон ҷойи хилват вохӯрда, каме суҳбат кунанд, то ғубори дилашон барояд.

 ДАВОМ ДОРАД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД