Formula novemver 2024
Ишқи Хадиҷа ва ҳазрати Муҳаммад (c)
2425

 

Мухлисони сомонаи Оила ТЧ!

Фаро расидани моҳи мубораки мавлудро ба шумо муборакбод гуфта, маводи ҷолиберо аз рӯзгори паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (С.С) пешкашатон мегардонед. Умедворем, ки аз ин нигошта шумо ба бисёр саволҳои худ ҷавоби дақиқ пайдо намуда, минбаъд ба рӯзгори ибратомӯзи паёмбар пайравӣ хоҳед кард.

 

Ятимию бепарастории расули Худо

Чаҳордаҳ қарн пеш дар ин моҳи пурфайзу бобаракат азизтарин бандаи Аллоҳ таъоло, охирин ва бузургтарин паёмбар-Ҳазрати Муҳаммад (с) чун офтоби саодат ба дунё омада, замину замонро бо нури вуҷудаш мунаввар гардонд. Бо қудуми мубораки ў ба арсаи вуҷуд абрҳои зулмату залолат аз осмони дунё рахт баст ва офтоби нуру ҳидоят дурахшидан гирифт. Ба ҷои зулму ситам ҳақиқату адолат, ба ҷои кинаву адоват меҳру муҳаббати инсонӣ омад, аммо...

Муҳаммад (с) хеле хурд буд, ки падару модарашро аз даст дода, ба азоби ятимӣ гирифтор гашт.

Чӯпонбача

Пас аз марги волидонаш парастории ӯро амакаш Абдулмутталиб бар дӯши худ гирифт. Абдулмутталиб як марди фақиру муҳтоҷ буда, рӯзашро бо чӯпонӣ мегузаронд. Муҳаммад ҳеҷ наметавонист аз вазъи зиндагии амакаш чашм бипӯшад ва барои мададгорӣ ба ӯ ба чӯпонӣ пардохт. Ин пеша бо фитрати даруниаш муносиб буд, зеро аз муҳити куфру ширколуди Макка дур буд. Вай бештар бо розу ниёз бо Парвардигор пардохта, бо маъбуд ва маҳбуби воқеиаш иртибот барқарор менамуд.

 

Хадиҷа кист?

Хадиҷа бинти Хувайдид ибни Асад ибни Абдулоззо ибни Қусай бо Расули акрам риштаи хешовандӣ дошт ва ин хешовандӣ на фақат аз тарафи падар, балки аз ҷониби модараш низ буд. Азбаски дар насабу хешовандӣ аз ҳамаи ҳамсарони Расули акрам ба вай наздиктар буд ва ба хотири ишқу муҳаббаташ нисбат ба ӯ ҳазрати Муҳаммад духтари хурдиашро ба исми модари Хадиҷа-Фотима номид.

Хадиҷа (р) хусусиятҳое дошт, ки ӯро аз дигар занон фарқ мекард. Вай бузургтарин, машҳуртарин ва баландпоятарин зан дар Макка буда, аз ақли солим, ҳикмат, тезҳушӣ ва фитрати пок бархурдор буд.

Чаро Хадиҷаро Тоҳира мегуфтанд?

 

Уммулмуъмнин Хадиҷа сифате дошт, ки бо он машҳур буд ва аҳли Қурайш ба ӯ «Тоҳира» лақаб ниҳода буданд. Хадиҷаро ба хотири иффату покдомании бисёр бавижа дар бархӯрд бо мардон чунин меномиданд. Абӯҳурайра мегӯяд, ки Расули акрам фармуд:

«Ба хотири чаҳор чиз бо занон издивоҷ мекунанд. Ба хотири молаш, ҳасаб ва насабаш, зебоияш ва динаш. Пас аз диндор баҳраманд шав, вагарна тиҳидаст мешавӣ».

 

Хадиҷа пеш аз Муҳаммад (с) зани кӣ буд?

Хадиҷа пеш аз Расули акрам ду бор издивоҷ карда, аввалин шавҳараш Атиқи Махзумӣ ва дуюмаш Абӯталҳаи Тамимӣ буд. Аз ҳар дуи онҳо вай як духтар ва як писар таваллуд карда буд. Ҳар ду шавҳараш мурданд. Ба Хадиҷа аз Атиқи Махзумӣ сарвати зиёде ба мерос монд. Ин зани заковатманд бо ин сарват сармоягузорӣ кард, то чанд баробар он чӣ Атиқ аз худ ба ҷой гузошта буд, зиёд шавад.

Пас аз марги шавҳари дуюм сайида Хадиҷа се сол издивоҷ накард, то ин ки ба издивоҷи Расули акрам даромад.

 

Тиҷорати судовар

Хадиҷа ҳамеша мардонеро, ки дар тиҷораташ ҳамроҳ буданд, пурсуҷӯ мекард. Абӯтолиб назди Хадиҷа рафт, то ҳамкории писари бародарашро дар ин самт пешниҳод намояд. Ӯ гуфт: Агар ин корро барои шахси ноошно мегуфтед, қабул мекардам, ҳоло ки барои яке аз пайвандони наздикатон гуфтед, чӣ гуна ӯро рад кунем?!

Ҳамин тавр расули акрам ба хотири тиҷорат барои сайида Хадиҷа меравад. Ӯ ғуломаш Майсараро ҳамроҳи Расули акрам ба тиҷорат мефиристад. Пас аз бозгашт Хадиҷа аз Майсара дар бораи Расули акрам мепурсад. Майсара дар посух мегӯяд: “Ман дар ин ҷавон чизҳои аҷиберо мушоҳида кардам, ки ҳатто бовар карданаш мушкил аст. Абреро дидам, ки дар ҳама ҷо бар ӯ соя меафканад, бо ҳаракати ӯ ҳаракат мекард, агар меистад болои сараш меистод. Аз ӯ пурсидам? Ба ман фурсат медиҳед, ки то моҷарои ин абрро бифаҳмам, аммо ин абр аз ӯ ҷудо намешуд, ҳангоме ки мардум ғарқи дар ғарқ буданд, ин абр бар ӯ соя меафканд”.

 

 

Муҳаммадро кӣ ҳамчун пайғамбар шинохт?

 

Майсара мегӯяд: Рӯзе ӯро зери дарахте дидам, ки дар партави хуршед хобида буд. Дарахт шохаҳояшро хам кард, то ӯро зери сояаш бигирад. Ман шигифтзада шуда гуфтам, ки шояд ҳаво шохаҳоро такон медиҳад. Дар ин ҳангом яке аз исқифҳои яҳуд ба оми «мастур» маро садо зад ва гуфт: Ин мард кист? Гуфтам: Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, яке аз ҷавонони ҳарам. Роҳиб гуфт: Ин ҷавон Пайғамбар аст, зеро фақат Пайғамбар зери ин дарахт менишинад.

Майсара дар идомаи суханонаш дар бораи Расули акрам мегӯяд: Барои хариду фурӯш ба бозори Шом рафтем. Ростӣ, шояд шуғли тиҷорат аз ҷониби Аллоҳ барои Пайғамбараш дар назар гирифта шуда буд, то хусусият ва табиати мардумро бишносад – дар ҳамон асно, ки Расули акрам дар ҳоли хариду фурӯш буд, марди роҳиб аз Расули акрам пурсид: Ин мол чӣ қадар арзиш дорад? Расулуллоҳ гуфт, ки «Ин қадар». Мард шурӯҳ кард ба ҷони задан бо Пайғамбар дар ҳоле, ки Пайғамбар ҳамчунон сари ҳарфаш истода буд. Роҳиб ба ӯ гуфт: Оё ба зоту уззо қасам мехӯрӣ? Сурати Расулуллоҳ сурх шуд ва гуфт: Ба Худо қасам, ман ҳаргиз дар баробарашон саҷда накардаам, ки ба номашон қасам бихӯрам. Он мард гуфт: Бо ҳамон қимате, ки гуфтӣ аз ту мехарам. Сипас маро садо зад ва гуфт: Ҳамроҳи ин мард бимон, зеро ӯ Пайғамбари охиру-з-замон аст.

Хадиҷа бо шунидани ин суханон шодмон шуд, сураташ нуронӣ гашт ва чашмонаш барқ зад. Ӯ писарамуяш Варақа ибни Навфалро ба хотир овард, ки наздаш меомад ва ӯро аз сифоту вижагиҳои Пайғамбари охиру-з-замон мутталеъ месохт аз ин ки ӯ аз ҳарам хориҷ хоҳад шуд ва вақти мабъус шуданаш расидааст. Дар яке аз шабҳои иди Қурайш занон барои ҷашн гирифтан даври ҳам ҷамъ шуданд ва Хадиҷа низ онҷо қарор дошт. Як марди яҳуд ба занони Қурайш рӯ оварда гуфт, ки замони Пайғамбари охиру-з-замон фаро расидааст, агар касе аз шумо тавонист бо ӯ издивоҷ кунад, ин корро анҷом диҳад. Занон карданд, вале Хадиҷа чизе нагуфт, зеро медонист, ки ин суханон ҳақиқат доранд.

 

Хадиҷа дар пайи издивоҷ

Сайида Хадиҷа бо шунидани суханони Майсара беш аз пеш ба Расули акрам аҳамият медод ва ба фикри издивоҷ бо ӯ афтод, вале чӣ гуна! Ӯ наметавонист ин масъаларо бо вай дар миён бигзорад!

Хадиҷа дӯсти бисёр самимӣ ба номи Нафиса дошт. Ӯ ба таваҷҷуҳи беш аз андозаи Хадиҷа ба Расули акрам пай бурда гуфт:

-Туро чӣ шудааст эй Хадиҷа?

Гуфт:

-Ман то ба ҳол марде мисли Муҳаммад ибни Абдуллоҳ бурдбор, бахшанда, боаслу насаб, ростгӯ ва амонатдор надида будам. Ба замми ин эҳсос мекунам, ки ӯ Пайғамбари охиру-з-замон аст.

Нафиса ба ӯ гуфт:

-Умедворам, ки шавҳарат шавад. Оё ин корро ба ман месупорӣ? Хадиҷа гуфт:

-Ин корро бикун Нафиса!

Нафиса барои пайванд намудаи Хадиҷа ва Расули акрам нақш дошт.

 

Ишқи паёмбар

Ҳангоме, ки онҳо издивоҷ намуданд, Хадиҷа чилсола буд ва чаҳор фарзанд дошт, Расулуллоҳ бошад ҳамагӣ бисту панҷ сола буд. Сайида Хадиҷа се писар ва чаҳор духтар барои Расулуллоҳ ба дунё овард. Писаронаш Қосим, Абдуллоҳ, Тоҳир, духтаронаш Зайнаб, Руқайя, Умми Кулсум ва Фотима ном доштанд. Ишқи Расулуллоҳ ва Хадиҷа то замоне, ки Хадиҷа даргузашт, муддати бисту панҷ сол давом ёфт.

 

Ваҳй бар Расулуллоҳ нозил шуд

Пайғамбар ба сини чилсолагӣ расид. Шабе Расулуллоҳ дар ғори Ҳиро буд, ки ваҳй бар ӯ нозил шуд, Пайғамбар ҳаросон аз он чӣ дида буд ба хона бозгашт, то ҳамсараш Хадиҷаро аз он чӣ дидааст, хабар кунад. Муҳаммад (С.С) мегӯяд:

-Маро бипӯшон! Маро бипӯшон!

Хадиҷа ба ӯ гуфт:

-Туро чӣ шудааст, эй писари амак?

Гуфт:

-Тарсидам!

Вай аз ин метарсид, ки ҷинзада шуда бошад.

Сайида Хадиҷа дар ҷавоб гуфт:

-Ба худо қасам, Худованд ҳаргиз туро хор намесозад. Ту силаи раҳмро ба ҷо меоварӣ, меҳмонро гиромӣ медорӣ, ба касе ки надорад, мебахшӣ, бесару сомонро паноҳ медиҳӣ ва дар ҳаводиси рӯзгор кӯмак мекунӣ. Умедворам Пайғамбари ин уммат бошӣ.

Мумкин буд Расулуллоҳ назди дӯсташ Абӯбакр ё амакаш Абӯтолиб биравад, вале назди ҳамсараш рафт, то ӯро аз моҷаро мутталеъ созад. Имрӯз чӣ касе аз мо, агар иттифоқе барояш пеш ояд, назди ҳамсараш меравад, то бо ӯ машварат намуда аз ӯ роҳнамоӣ бигирад?!

 

Марги Хадиҷа

Хадиҷа 65-сола шуд ва ҳамакнун дар беморӣ ба сар мебурд. Дар ҳоле ки расулуллоҳ сахт ба хотири ӯ андӯҳгин буд, Ҷабраил меояд ва мегӯяд:

-Худованд ба Хадҷа салом мерасонад ва ба ту мегӯяд, ки муждагонии қасре аз марворидро дар биҳишт ба Хадиҷа бидеҳ, ки на ҳаёҳуе дар он аст ва на хастагӣ. Ин ба он хотир аст, ки заминиён қадру манзалати Хадиҷаро назди Аллоҳ бидонанд ва саъй кунанд ба ӯ иқтидо намоянд.

Ҳамин тавр ин беморӣ боиси марги Хадиҷа гашт, вале ишқи ин зани покдомон ва хирадманду порсо то нафаси охирин дар қалби расули Худо шуъла мезад...

 

Ҷамолиддин Хомӯшӣ,

устоди ДИТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД