ИДОМААШ...
Дасти мард рӯйи зонувонаш сайркунон торафт болотар мерафту бадани ҷавонзан виҷирос мезад. Саодат дар дилаш ҳазор бор ба хусуру хушдомани беномусаш лаънат мехонд, ки барои пулу моли дунёӣ ва аз паси панҷара озод кардани писари бангиашон келинашонро бо дасти худашон ба чунин гирдоби бадномӣ афканданд. Ҷавонзани баномус дар андеша афтид, ки чӣ гуна аз оғӯши ин бегимоти маст раҳоӣ ёфта, домони исматашро аз ин қасри пуршукӯҳ пок бубарад.
Ҳиллаи нави ҷавонзан
Саодат медонист, ки дасти Бойбобо дароз аст ва ҳар чи дилаш хост, насибаш мешавад, хоҳ ба зӯрӣ бошад, хоҳ ба зорӣ ва хоҳ бо зару зевар. «Талабашро ошкоро рад кунам, ин деви пулмаст метавонад бо зурӣ ба номуси ман дастдарозӣ намуда, сипас маро нест кунад. Мабодо зӯран маро таҷовуз карда, сипас кушта партояд ё ба сагбачаҳояш фармояд, ки мурдаамро ба ягон дарё бурда партоянд, ҳам аз ин дунё бадному ҳаром мераваму ҳам мемураму хӯроки зоғу заған ё мору моҳиҳо мешавам, барои ҳамин ягон ҳилла ёфтан лозим, ки ин Бойбобои шилқин маро худаш сиҳату саломат ба хонаам бурда монад» аз дил гузаронд Саодат ва дурӯғи дишабааш ба ёдаш расида, табассум дар лабонаш гул кард. Лабханди ҷавонзанро дида Бойбобо дар ҷавоб табассум намуд. Саодат дасти навозиш бар сари мард бурд ва мӯйҳои мошубиринҷии сафеди Бойбоборо навозишкунон пичиррос зад:
-Бойбобо, дишаб гуфтам-ку, ман аз рӯзи аввал шуморо маъқул карда будам, вале шавҳардориам садди роҳам мегашт.
Зар ба сари фӯлод ниҳӣ…
-Медонед, ки як шоири тоҷик дар бораи ишқи занҳои дилдода ба маҳбубонашон чӣ гуфтааст?
-Қурбони забонаки ширинатон шавам, канӣ гӯед, то мо ҳам шунавем, ки шоирони тоҷик дар бораи ишқу муҳаббат чиҳо мегӯянд,-аз навозишу ширинсухании нозанин ба ваҷд омад Бойбобои ташнаи лаҳзаи висол.
Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд,
Дилбарон дар ошиқӣ аз ошиқон ошиқтаранд…
Бойбоборо шеърхонии пур аз нозу ишваи Саодат обу адо намуд ва бо ишораи даст як лаҳза сабр кардани ҷавонзанро хоҳиш карду ҷаста аз ҷояш бархост. Ба хонаи дарун даромадани сҳибхонаро дида, Саодат нафаси сабук кашид ва дар дил Худовандро зорӣ кард, ки нигоҳдору мададгораш шаваду ӯро аз ин гирдоби сиёҳи бадномӣ наҷот бахшад. Лаҳзае пас Бойбобо дар даст қуттичаи зебое баргашт. Вай мисли қаҳрамонҳои филмҳои романтикӣ дар назди ин соҳибҷамоли дар ҳусну малоҳат беназир ба зону зада, қуттичаро бо эҳтиёт кушод ва аз дарунаш як ҷуфт дастпона, гӯшвор ва занҷирбандеро бароварда ба Саодат дароз кард. «Туҳфаашро агар қабул накунам, шояд ба самимӣ будани нозу ишваю навозишҳоям шубҳа карда, кӯшиши бо зӯрӣ маро ба даст оварданро мекунад, барои ҳамин бозиро бояд то охир моҳирона бурд, то ягон гумон ба дилаш роҳ наёбад»- андешид Саодат ва зару зевари овардаи Бойбоборо табассумкунон аз дасташ гирифт ва бо шавқу шодии сохта нидо кард:
-Оҳ, дар умрам бори аввал чунин ҷавоҳироти зебою хушсохтро мебинам!
Бойбобо хурсанд шуд, ки туҳфааш ба зебосанам маъқул шуд ва иҷозат пурсида, худаш гарданбандро ба гардани мисли шири навдӯшида сафеду покизаи Саодат овехту дастпонаҳои пурнақшро ба дастонаш андохт. Саодат барои хурсанд кардани Бойбобо аз ҷояш хеста гӯшворро ба гӯшҳояш ва чаларо ба ангӯшташ пӯшид ва ба назди оина рафта бо нозу ишва пурсид:
-Хайр, чи хел? Ин зару зевар ба ман мезебад?!
Бойбобои мисли ҷувол вазнин бо як чолокии ба ҷавонҳои 20-25 сола хос аз ҷояш ҷаҳида бархост ва шиками дамидаашро ҷумбондаю ларзонда назди оина омада аз қафо миёни Саодатро оғӯш намуду пичиррос зад:
-Албатта мезебад, ҷонакам! Зару зевар шуморо не, шумо ин ҷавоҳиротро ба дасту гардану ангуштони зебоятон андохта хушрӯй кардед! Ҷони ман қурбони ин гардани булӯрину ин ангуштони мисли ангушти фаришта нозуку ин анорҳои ширинатон шавад,-инро гуфта, соҳибхона бешармона ба пешобағали бардамидаи ҷавонзан даст бурд, вале Саодат худро дур кашида, норозиёна хитоб кард:
-Ин қадар шумо бетоқатед, Бойбобо! О дирӯз гуфтам-ку, касали занона шудаам, се рӯзаки дигар тоқат кунед, баъд анор мехоҳед, гелос мехоҳед, себ мехоҳед, ҳар чӣ мехоҳед, метавонед бемалол аз боғи ҳуснам чинед!
-Саодатхон, ҷонам шавед, фақат як борак мебинам, намечинам, илтимос, не нагӯед,-фишшос зад Бойбобо, ки аз шиддати шавқ овозаш меларзид.
-Шумо маро меранҷонед, Бойбобо! Магар намедонед, ки дар чунин ҳол бо зан ҳамоғӯшӣ кардан гуноҳи азим аст. Илтимос, ҳам ману ҳам худро гунаҳгор накунед. Як рӯзаки дигар интизор шавед, дунё ба фикрам чаппа намешавад. Шайтонро аз худатон дур кунед, Бойбобо!
-Ҷонам фидои қаҳру нозатон нозанинам, бигзор гуфтаи шумо шавад. Ваъда, ки додед, то мурданам ман шуморо интизор мешавам,-Бойбобо Саодатро раҳо карда, шоду масрур худашро рӯйи роҳаткурсӣ партофт.
Хушхабар
Бойбобо аз шиша ба ҷом як ҷуръа май рехта нӯшид, сипас ба ким-куҷо занг заду бо касе дурудароз гуфтугӯ намуд, баъд рӯяшро ҷониби Саодат гардонда, хабар дод, ки шавҳарашро озод кардаанд ва ҳозир расида меояд. Саодат хурсандона аз ҷояш бархоста бо табассум ба Бойбобо миннатдорӣ баён кард ва аз шарбатгирак шарбат рехта нӯшиду нафаси сабук кашид. Ҷавонзан дар дил худоро шукр мегуфт, ки домони исматшро доғдор накарда аз ин ҳавлӣ мебарояд.
(ДАВОМ ДОРАД)