Рӯзҳои таътил ният кардам, ки ба зодгоҳам ба аёдати падару модар равам. Бо ин мақсад ба истгоҳи таксиҳо ба маҳаллаи Сементзавод рафтам.
Аз автобус фаромадан замон ронандаҳо ба ман ҳамла карданд. “Ако Панҷакент, арзон мебарам, як ҷой дорам”, “Айнӣ, як ҷой дорам, шинед ҳай мекунам”, “Ғончӣ ако, шинед, мошинам баланд, комфорт меравед”, “Истаравшан як нафар”, “Зафарабод, намеравед”... Хулоса, бо яке гапзанон кардаму савори мусофиркаш шудам. Хушбахтона, ҷойи ман паҳлӯйи ронанда буд. Дар пушт се нафар нишаста буданд, ки ба онҳо нигоҳ ҳам накарда, салом додам. Мошин ба роҳ даромад. Баъди лаҳзае “гумонам маро нашинохтӣ?” гӯён, нафаре ба ман муроҷиат кард. Нигоҳ кунам, дар пуштам Марҷона нишаста буд... Худоё! Чӣ дидоре?
Яккадухтар
Деҳае, ки мо калон шудем, яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳияамон аст. Деҳа дар шоҳроҳ қарор дорад, бинобар ин мағозаву бозорҳояш ҳамеша серодаму сердаромад аст. Вақте аз Душанбе ба Хуҷанд меравед, ҳатман аз деҳаи мо мегузаред ва дар ошхонаҳояш хӯрок мехӯреду аз бозораш бо худ савғо мегиред...
Аксари ошхонаву мағозаҳо ва бозори калони деҳа ба як оила таалуқ дорад – оилаи Мардони Музаффар. Ин мард солҳои дароз дар вазифаҳои баланди ҳукуматӣ кор карда, дар давраҳои нооромӣ бисёр иншоот сохт ва дар деҳа соҳибобрӯ ҳам ҳаст. Ҳамдеҳаҳоямон дар суҳбатҳо мегӯянд, ки гардиши моли Мардони Музаффар миллионҳо доллар аст.
Мардони Музаффар 5 писар дораду як духтар – Марҷона!
Яккадухтари ин сарватманд ҳамсинфи ман буд. Гарчанде аз оилаи сарватманд буд, ҳавобаланд набуд, балки амсоли духтарони дигари кӯҳистонӣ сараш хам ба дарсҳо рафта меомад. Аълохон набуд, вале кӯшиш мекард, ки аз дарсҳо қафо намонад...
Хонаи бахт
Вақте дар синфи 11 таҳсил мекардему ҳама дар фикри интихоби касби оянда будем, дар синф овоза паҳн шуд, ки Марҷона духтари ягонаи сарватманди деҳаро имшаб фотеҳа кардаанду баъди тамом шудани мактаб ба шавҳар мебаромадааст. Хурсанд шудем, зеро дар деҳаи мо духтарон барвақт шавҳар мекарданд.
Хулоса, мактаб тамом шуду Марҷона ба хонаи бахт қадам гузошт. Тӯяшро мо ҳамсинфон обод кардем. Шавҳараш аз ҳамсоядеҳа, писари сарватманд буд.
Ҳамон рӯзҳо ҳамсинфонам мегуфтанд, ки “Марҷона ҳайф шуд, шавҳараш як ҳавобаланд, айёш, бангӣ ва аз худрафта аст.”
Он замон мо ақли таҳлил надоштем ва намедонистем, ки ин духтари бечора аз чӣ балоҳо мегузарад.
Қафаси тиллоӣ
Ҳамон сол ман донишҷӯ шудам. Дер-дер ба деҳа рафта меомадам, вале ҳар рафтанам қиссаҳои талхи зиндагии Марҷонаро аз модарам мешунидам.
Маълум шуд, ки Марҷонаро шавҳари сарватмандаш азият медодааст. Шабона маст омада мезадааст. Як маротиба чунон задааст, ки кӯдаки 7-моҳаи батнаш қабл аз муҳлат таваллуд мешавад. Табибон бо чӣ азобҳое ҷони кӯдакро мехаранд.
Таваллуди тифл ҳам шавҳари ӯро ислоҳ намекунад, балки бештар Марҷонаро озору азият медиҳад. Ӯ ин духтараки ҷавони зеборо ба ҳар сангу хору хаси кӯча рашк мекард. Бемор буд, шавҳараш. Як рӯз меояд, ки рӯйи ҳавлӣ, зери офтобаки гарм лаганд монда сар мешӯяд. “Ҳозир як бегона аз дарояду саршӯиятро бинад, чӣ мешавад?” гӯён, ӯро зери мушту лагад мегирад ва тифли дуюми батнаш осеб мебинаду ӯро исқот мекунанд.
Тоқати Марҷона тоқ мешаваду ӯро ба хонаи падару модар меоранд. Вале хусуру хушдоманаш бо ваъдаҳои зиёд ӯро омада мебаранд. Ҳамон шаб шавҳараш “ту қаҳр карда рафтиву маро шарманда кардӣ” гӯён, ӯро қариб кушта буд. Марҷона бо либосҳои таҳпӯш аз хонаи шавҳар фирор карда, 7 км роҳро пиёда тай карда, дами субҳ дарвозаи падарро мекӯбад. Мардони Музаффар дарвозаро кушода, аҳволи духтарашро мебинад ва қасам мехӯрад, ки дигар ӯро ба хона шавҳар намемонад. Ҳамин тавр, Марҷона аз шавҳар ҷудо мешавад.
Зиндагии нав
Як муддат Марҷона дар хонаи падар зиндагӣ кард. Гарчанде сарвати падараш имкон медод, ки садҳо кас аз дегашон таом хӯрад, вале ӯ ба чашми янгаҳо хор барин мехалид. Онҳо бо забон нагӯянд ҳам, вале аз Марҷонаро нахостанашон маълум шуда меистод.
Пас аз табобату гузашти вақт Марҷона ба худ омад. Чун вақти қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо буд, имтиҳон супорида, донишҷӯйи Донишкадаи забонҳо шуд. Маркази миллии тестӣ ӯро ба шӯъбаи забонҳои арабӣ-англисӣ тақсим кард.
Вақте Марҷона ба курси як рафт, мо ҳамсинфҳояш дар курси се таҳсил мекардем. Ман ӯро дар Душанбе ҳамагӣ як бор дида будам.
“Падараш барои ӯ дар Душанбе хона харидааст” – гуфта буд, як ҳамсинфамон. “Янгаи калониаш хона аз даст наравад гуфта, ду писари донишҷӯяшро ба назди ӯ фиристодааст”-хабар дод, ҳамсинфи дигарам дар чат.
Ҳамин тавр, ҷаставу гурехта аз ҳаёти Марҷона огоҳӣ мешудам.
Баъди чанд сол хабар шудам, ки Марҷона шавҳар карда, ба кадом кишвари арабӣ рафтааст...
Ҳамин тавр, дигар ӯро надидам.
Давом дорад.