Formula novemver 2024
Ишқ маро бо дугонаи ҷониам душман кард
18.12.2024
ОИЛА.ТҶ
226

Салом! Ман як зани захми ишқ хӯрда, мехоҳам саргузаштамро нақл карда, аз хонандагони азиз маслиҳат бипурсам.

Ману Парвин аз кӯдакӣ дугонаҳои ҷонӣ будем. Ҳарду дар як мактаб мехондем, баъдан ба як донишгоҳ дохил шудем ва бозии тақдирро бинед, ки ҳардуямон ба як ҷавон ошиқ шудем. Ҷамшед аз мо ду синф болотар мехонд. Азбаски бисёр ҷавони зебо, хушқаду қомат ва бар замми ин, аълохон буд, аксари духтарони мактаб ошиқи шайдояш буданд, вале шоҳзодаи орзуҳои тамоми духтарон ба ман изҳори ишқу муҳаббат намуд. Табиист, ки барои ман ишқи ин ҷавони идеалӣ беҳтарин туҳфаи тақдир маҳсуб меёфт ва аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам. Аввалин шахсе, ки мани сода рози диламро кушода, қиссаи ишқамонро бо Ҷамшед нақл кардам, дугонаам Парвин буд. Аввалҳо Парвин нақлҳои маро дар бораи вохӯриҳоямон бо Ҷамшед бо шавқ гӯш мекард ва ҳар гоҳ, ки гапамон гурехта монад, барои зудтар оштӣ шуданамон кӯмак мерасонд, маслиҳатҳои хуб медод, вале баъд ким-чихел аз ин мавзӯъ мегурехтагӣ шуда монд. Сабаб пурсам, ҷавоб медод, ки мо ду одами оқилем ва худамон бояд мушкиламонро ҳал кунем. 

Намедонам тақдир чунин буд ё дугонаам маро ба дӯстдоштаам ғайбат намуда, сиёҳ кард, ки баъди се соли ишқу ошиқӣ дили Ҷамшед якбора худ аз худ аз ман хунук шуда, ба зангҳоям ҷавоб намедодагӣ шуда монд. Барои мани ошиқи шайдо ин зарбаи хеле сахт буд. Намедонистам сарамро ба куҷо занам, зеро аз рӯйи маслиҳатамон ҳамон сол Ҷамшед бояд ба хонаи мо хостгор равон мекард ва бо тӯю тамошо риштаи тақдирамонро ба ҳам мепайвастем. Корам мудом гираву нола буд, ғаму дарди ҷонгудози ишқ маро дарун ба дарун хӯрда тамом мекард. 

Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, чанде пас хабар расид, ки ошиқи бевафои ман ба дугонаи ҷониам хостгор равон кардааст. Ин хабарро шунида кам монда буд, ки девона шавам. Боварам намеомад, ки ду одами наздиктаринам ба ман хиёнат карда, аз пушт ханҷар задаанд. Рост ба хонаи дугонаам рафтам, то рост ё дурӯғ будани ин гапро аз худаш пурсам. Парвин бо сари хам маро гӯш кард, баъд гунаҳкорона гуфт: “Чизе, ки шунидӣ, рост аст. Дар ҳақиқат Ҷамшед ба хонаи мо хостгор равон кард ва волидонам хостгориашонро қабул карданд, вале бовар кун, дар ҷудоии шумоён ман ягон зарра айбу гуноҳ надорам. Ҷамшед маро ба занӣ нагирад ҳам, бо ягон духтари дигар хонадор мешуд. Вай бо забони худаш ба ман гуфт, ки бо ту издивоҷ карда наметавонад. Сабабашро метавонӣ аз худаш пурсӣ. Хафа нашав дугонаҷон, вале ман ҳанӯз аз даврони мактабӣ ба Ҷамшед ошиқ будам, аммо ба хотири ту ягон дар ин бора лаб накушодам. Ҷамшед худаш маро интихоб кард, ҳол он ки мо ягон бор дар бораи ишқу муҳаббат бо ҳамдигар суҳбат накардаем...”

Аз гуфтаҳои дугонаам бештар асабонӣ шуда ба сараш дод задам, ки чи тавр метавонад ба осонӣ ба рӯйи дӯстии чандинсолаамон по монда, бахти маро кашида гирад, вале Парвин дар ҷавоб оромона гуфт, ки худашро гунаҳкор эҳсос намекунад, зеро бо зӯрӣ ошиқи маро кашида нагирифтааст. “Хоҳӣ бовар кун, нахоҳӣ не, вале ман туро ягон ба Ҷамшед сиёҳ накардаам ва дар ҷудоии шумо заррае нақш надорам. Шояд ин тақдири азалист, ки Ҷамшед ба хонаи мо хостгор фиристод.  Дугонаҷон, ту бояд инро қабул кунӣ, ки маро нагирад ҳам, Ҷамшед ягон духтари дигарро ба занӣ мегирифт. Барои ҳамин ҷангу ҷанҷол карданамон маънӣ надорад. Худо хоҳад ту ҳам бахти худро меёбӣ”,- гӯён, Парвин ба сӯҳбат хотима гузошт. 

Ҳамин тарв ишқ маро бо дугонаи ҷониам душман кард ва дигар рӯйи якдигарро дидан нахостем.  

Ҳоло Парвин ва Ҷамшед соҳиби ду писари дугониканд, ман ҳам бахтамро ёфтам, аммо то ба имрӯз дугонаам бахшида наметавонам. Сабаби сарнавиштамро нақл карданам танҳо бемории Парвин аст. Шунидам, ки дугонаам ба касалии саратон гирифтор шудааст. Модарам маро насиҳат карда мегӯянд, ки кинаву адоватро фаромӯш карда, дугонаамро хабаргирӣ равам, чунки кам касон аз саратон раҳоӣ меёбанд, вале ман дарду алами худро канор гузошта ба дидорбинӣ рафта наметавонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?  

С. А.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД