Маълумотнома
Исфандиёр Ғуломов хатмкардаи Донишкадаи санъати театрии Москва ба номи А.В.Луначарский буда, аз соли 1971 то дар Театри давлатии ҷанонони ба номи М. Воҳидов, Театри лухтаки шаҳри Душанбе, Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Хоҷа Камоли шаҳри Хуҷанд ва ҳоло дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият дорад. Зиёда аз 80 нақш дар театр ва 50 нақш дар кино бозидааст. Дар намоишномаҳои театрӣ, аз қабили “Қатра дар баҳр”-и М.Холов, “Фолбинии Афандӣ”-и А.Баҳорӣ, “Эътироз ҳабдаҳ”-и Ю. Лиманов, “Умед”-и Ш. Солеҳов, “Алафҳои бегона”-и С. Сафаров, “Раҳгумзада”-и М.Хаёлов нақшҳои ҷолибу хотирмон бозидааст. Дар филмҳои «Камина”, “Ба хубӣ ҷудо мешавем”, «Ау! Ғорати қатор”, “Майдони найранг”, “Мулоқот дар Самара”, “Гирдбод”, «Нақши пойи динозавр ба куҷо бурд”, “Чор нафар аз чорсанг”, “Қиссаи зиндонии Павиак, «Дарвеши ланг”, ”Тулуъ дар Ганг”, “Шаби охирини Шаҳризод”, “Афсонаҳои нави Шаҳризод, ва ғайраҳо ҳунарнамоӣ кардааст.
Се ҳунарманд аз як оила
Падари Исфандиёр Ғуломов аз Сиистони Эрон ба Тоҷикистони Шӯравӣ муҳоҷир гашта, дар ин ҷо соҳиби 10 фарзанд мешавад: Фотима, Соҷида, Музаффар, Исфандиёр, Гулчеҳра Шаҳриёр, Гулбаҳор ва Бахтиёр. Аз ин хонавода се хоҳару бародар - Соҷида, Фотима, Исфандиёр ва ду ҷиян - Барзу Абдураззоқов ва Моҳпайкар Ёрова санъаткорони машҳур мешаванд.
- Мо, на апаи Фотима, на апаи Соҷида дар бораи унвон, ҷоиза аслан фикр намекардем”, - ба ёд меорад ҳамсуҳбати мо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исфандиёр Ғуломов.
- Махсусан, апаи Соҷида дар Телевизиони тоҷик ин қадар заҳмат кашиданд, гуфтан мумкин аст, ки якумин зани режиссёр дар телевизион буданд, вале сазовор қадршиносӣ нашуданд. Эшон ҳатто ману апаи Фотимаро ба намоишҳояшон даъват намекарданд, то одамон нагӯянд, ки хешу табори худро фақат ба нақшофарӣ ҷалб мекунад. Дигар ҳунармандон аз қабили Убайдулло Раҷабов, Раҷабгул Қосимова, Ғолиб Исломов, ва дигару дигаронро даъват мекарданд. Ин ҳунармандон то ҳол мегӯянд, ки аз намоишномаҳои апаи Соҷида машҳур шуданд. Ахиран, апаи Фотима гуфтанд, ки ман ҳам актриса ҳастам, Исфандиёр ҳам ҳунарманд, чаро дар намоишҳоят даъват намекунӣ? Баъд, апаи Соҷида эшонро ба “Зани оҳанин” ва маро ба “Ҷиноят ва ҷазо” даъват карданд. Дар вақти сабти спектакли телевизионии “Ҷиноят ва ҷазо”, ки асари драматурги рус Михаил Зошенко аст, банда дар филми як коргардони ӯзбекистонӣ ҳам нақш мебозидам. Рӯзе ӯ маро дар киностудия дида, гуфт, ки мӯйи сару ришатонро мегирем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Пеш аз сабти намоиши “Ҷиноят ва ҷазо” ба пардозгар гуфтам: “Юра, илтимос, ба ман парик часпону мӯйлаб мон”. Дар намоиш ҳангоме кулоҳамро аз сарам гирифтам, Света Наврузова, ки нақши асосии занро мебозид, ба зӯр хандаашро дошту ба пушти декоратсия гузашт. Апаи Соҷида, ки дар сари пулт менишастанд, садои хандаашон то ба студия меомад...
Апаи Фотима хеле хоксору ботамкин буданд. Муттаассифона, мо дар ягон намоишнома якҷо нақш наофаридем. Вақтҳои охир худашон ҳам, дигар мадори пештараашон набуд, вале театрро чунон дӯст медоштанд ва ҳамавақт меомаданд.
Вақте ба хонаи апаи Фотима мерафтам, сӯҳбатҳои дуру дароз мекардем, ҷавониамонро ёд меовардем. Асосан, он кас ба мо мисли модар буданд, баъд аз модарам ҳамаи моро калон карданд. Баъд, мегуфтанд, Исфандиёрҷон шин, каме дигар, аммо ман бетоқатӣ мекардам. Баъде аз олам гузаштанд, чунон пушаймон шудам, ки чаро соате бештар бо ӯ нагузарондам. Вақте, ки на апаи Соҷида, на апаи Фотима нестанд, танҳо хоҳаракам – Гулбаҳор ҳастанд, баъзан, наздашон меравам, дарди дил мекунам...
Аз таълими забони арабӣ то ба ГИТИС
- Чӣ хел шуд, ки ҳар сеи шумо ГИТИС ва маҳз студияи Борис Владимирович Бибиков ва Олга Ивановна Пижоваро хатм кардед?
- Аслан, ман шарқшинос шудан мехостам. Дар байн апаи Соҷидаву Фотима даромада, гуфтанд, ки ту овоз дорӣ, (ман суруд ҳам мехондам) биё ба ГИТИС дохил шав, арабиро ҳар вақте хоҳӣ, ёд мегирӣ, лекин ҳунари актёриатро аз даст медиҳӣ.
- Яъне, онҳо дар шумо актёри ояндаро диданд?
- Бале. Ҳамон вақт, ректори Донишкадаи санъати театрии Москва ба номи А.В.Луначарский (ГИТИС) ба Душанбе, барои интихоби донишҷӯйён омада буд. Ман ҳам дар озмун иштирок карда, ҳар ҳунаре доштам, намоиш додам.
- Дар хотир доред, кадом этюдро нишон дода будед?
- Дар хотирам нест, аммо дар Москва ҳама этюдҳои намоишдодаамро дар хотир дорам. Ман ҳар коре, ки анҷом дода будам, ҳамаашро менавистам. Сипас, қабул шудам. Он гаҳ, аз карда пушаймон шуда, ба апаҳоям гуфтам, ки шумо маро аз роҳ задед, ана маро қабул карданд, акнун ман чӣ кор мекунам?! Онҳо бо ханда гуфтанд, ки – “э, нодон, он ҷо меравӣ, пойтахти давлатамонро мебинӣ, онҷо мехонӣ, одамон орзу мекунанд, ки дар чунин донишкадаи бонуфуз таҳсил дошта бошанд”. Ҳамин тавр, ду соли аввал пас аз дарс хиёбонҳои Москваро мерӯфтам, барф тоза мекардам, соли сеюми таҳсил шабона телеграма мекашондам. Як сол чашмонам каме заиф шуданд, аз бехобӣ. Қаровулӣ ҳам кардаам дар почта.
- Яъне, шумо таҷрибаи муҳоҷиратро ҳам дидаед?
- Бале. Ҳамин тавр ҳам гуфтан мумкин аст. Вале хотираҳои нек монда аст. Кор мекунӣ, бо одамон шинос мешавӣ. Масалан, почтае, ки ман кор мекардам, телеграммаҳои фаврӣ мерасонданд, шабона. Ҳатто шаби Соли нав кор мебаромадем, вале мерасондем, зеро ҳатмист. Чӣ қадар ба одамони бузург ман телеграмма расонидаам! Баъзан, ягон тин барои корам медоданд. Мепурсиданд: - «Ты студент?» - мегуфтам, - «Да. - Ну, молодец, ты ещё работаешь, и учишься!» ҳатман дастмузде ба киссаам мемондан, ё зиёфате медоданд.
Мактаби одамгарӣ
- Шумо шогирди ҳунармандони бузург Бибиков ва Пижова ҳастед. Ин ду нафар чандин зумраи санъаткорони машҳури даврони шуравиро таълим додаанд. Фарқияти онҳо аз устодони замони ҳозира дар чист?
- Медонед, ба ғайр аз он, ки онҳо профессор буданду таҷрибаи бою ғанӣ доштанд, боз инсонҳои хубе буданд. Нахуст, онҳо донишҷӯйи босалиқаву боҳунарро аз миёна хуб фарқ мекарданд, ҳатто дар онҳо низ, ҳунару асосҳои касбиро чуноне меомӯзонданд, ки онҳо ҳам аз нафарони Худодод кам намеомаданд.
Он замон идрорпулии хеле кам мегирифтем. 28 сум - рубли советӣ медоданд, аз ин пули ҷойпӯши хоб меситонданд, ки дар даст 25 суму 62 тин мемонд. Барои ҳамин, ман кор мекардам. Боре, Ғаффор Валаматзода, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва вазири фарҳанг – Меҳрубон Назаров ба Москва омаданд, то аз ҳаёти донишҷӯйён хабар гиранд. Моро дар толори калон ҷамъ карданд. Бибиков аз ҷояш хесту гуфт: - “Вы, Валамат-заде! Турсун-заде! Улуг – заде! А, ваши дети по-заде?!” Дигар, ҳама шок шуданд, ӯ давом дод, - “Ваши дети тут голодают, у нас зимы холодные, хорошее питание нужно. Неужели, республика не может помочь вашим детям? Вы хотите, чтобы ваши дети вернулись больными?” Баъд, ба ҳар яки мо 15 сӯмӣ равон мекарданд, ки ҳамагӣ се моҳ давом кард.
- Афзалияти дар Москва хондан дар чӣ буд?
- Вақте мо таҳсил мекардем, барои мо роҳхат дода буданд, ки бо он ба ҳамаи театрҳои шуравӣ метавонистем дароем. Беҳтарин актёрҳое, ки он солҳо фаъолият доштанд, мисли Папанов, Евстегнеев, Смоктуновский, Герд, Миронов, Витсин ва дигару дигарон, қариб ҳамаи онҳоро мо аз наздик – дар театр корҳояшонро дидем. Ин ба мо таъсир дошт. Кӯшиш мекардем, мисли онҳо бошем. Театри дӯстдоштаи мо - театри Юрий Петрович Любимов “Театр на Таганке” буд, ки яке аз пешсафтарин ба шумор мерафт. Дар ин театр тамоми камбудиҳои ҷомеаро рӯшод нишон медоданд...
Хусусан, аз муаллимонамон бисёр сабақҳо гирифтаем, донишу маҳорати онҳо як тараф, мо аз онҳо мактаби одамгариро меомӯхтем. Онҳо инсонҳои ростқавл, бовиҷдон, раҳмдил ва матин буданд. Онҳо медонистанд вазъиятамон он қадар хуб нест, аз зоҳирамон пай мебурданд, оҳистаҳак ба киссаҳоямон пулро меандохтанд, мегуфтанд: “Быстро иди в чебуречную, поешь беляшей, потом зайди в класс”.
Боре, телпаки маро дар хобгоҳ дуздиданд. Ман барои иҷрои нақши пирамарди Кобус (аз намоишномаи “Ҳалокати умед”-и Г. Хейерманс) сарамро тарошидам. Зимистон буд, надонистам чӣ кор кунам, як латтаро гирифта, гирди сарам салла карда, печондаму дарс рафтам. Бибиков, (чашмонашон хира буд) синча монда, нигоҳ карданду пурсиданд: “Кто это там сидит?” Гуфтам, -“Это я, Гулямов”. Баъд, наздик омаданд, пурсиданд, - “Что это у тебя на голове?! Что ты собой сделал?!” Баъд, бачаҳо гуфтанд, ки – “Он полностью побрился, в лысину, ради образа”. Гуфт: - “Ну, голубчик, зима же, ведь ты замерзнешь, и заболеешь!” Баъд, Олга Ивановна Пижова гуфтанд, ки – “Вы продолжайте занятия, я сейчас приду”. Рафт, аз хонааш телпаки худашро оварда, ба сари ман пӯшонд.
Масалан, муаллими таърихи КПСС, ки он замон дарси ҳатмӣ буд, Никифоров насабаш, дар ҳар як аудитория роял меистод, ё пианино, вақте танаффус мешуд, менишаст ва чунон менавохт... аз Шопен, аз Бетховен, ё Мотсарт... мо ҳатто хоҳиши берун рафтан надоштем, гӯш мекардем.
Яъне, ин гуна меҳрубонӣ, инсонгариро мо медидем, дӯст медоштем муаллимони худамонро, Валенкова, Косяков, Валентина Павлова, Василева... ҳамаашонро. Баъзан, фикр мекунам, ки оё муаллимони ҳозира нисбат ба донишҷӯён ҳамин хел муносибат доранд, ё на?! Намедонам...
Аз театр то кино
- Шумо ҳам дар театр ва ҳам дар кино нақш бозидаед. Барои шумо дар кадомаш нақш офаридан писанд аст?
- Ин ду роҳе, ки ҳунарманд тай мекунад, якеаш зинда, рӯ ба рӯйи бинанда сурат мегирад, дигараш тавассути сабт. Дар театр ҳар рӯз барои як тамошобин, рӯзи дигар барои тамоман дигар тамошобин бозӣ мекунед. Шумо муқоиса мекунед, чӣ тавр ҳунари шуморо қабул карданд, ва ҳунаратонро рӯз аз рӯз сайқал медиҳед. Дар кино шумо як маротиба бо дубл ҳам бошад, меофаред, дигар сабт мешавад, пасон, имкони ба дигар тарз бозӣ кардан надоред. Аммо шуморо миллионҳо тамошо мекунаду дар миқёси олам машҳур мегардед.
Нозукиҳои зиёд дорад кор дар театр, масалан санги бутафорӣ, ки дар саҳна сабук аст, шумо бояд мисли ҳақиқӣ нишон диҳед, то бинанда ба шумо бовар кунад. Аммо дар кино он ҳақиқӣ аст, дар табиат сабт мешавад.
- Бештар кадом нақшҳоро офаридан мехостед?
- Аз давраи донишҷӯйӣ ба ман офаридани нақшҳои пирамард писанд буд. Тавре гуфтам, аввалин нақши ман пирамарди шӯх – Кобус буд, пасон дар “Фолбинии Афандӣ”, нақши шоҳи пирро мебозидам, ҳарчанд ҷавон будам. Албатта, нақшҳои ҷавононро ҳам мебозидам, вале нақшҳои пирамардро офаридан, яъне ба образи онҳо даромада тавонистан бароям писанд буд. Вале банда ҳар нақшеро бозидаам, кӯшиш кардаам, ки аз уҳдааш бароям. Ҳатто нақши занро.
- Шумо нақши занро ҳам бозидаед?
- Бале, коргардони тоҷиктабори узбекистонӣ – Эргаш Масафоев дар Театри ҷавонон намоиши “Мануки шикорчӣ”-ро аз рӯйи афсонаи халқи арман ба саҳна гузоштанд. Як рӯз гуфтанд, Исфандиёр, таёр шав нақши шоҳдухтарро мебозӣ. Барои ман тарошидани ришам чунон сахт аст, зеро ҳар боре метарошидам, рӯйям хуншор мешуд. Ман ба нақш омода шудам. Он вақт ҳар намоише, ки ба саҳна гузошта мешуд, вазири онвақтаи фарҳанг – Меҳрубон Назаров омада, баҳогузорӣ мекарданд. Вақте ин намоишро диданд, ба дасташон барномаи спекталкро доданд, баъди тамошо гуфтанд, ки – “инҷо иштибоҳ шудаст, шумо дар баробари нақши шоҳдухтар - “Исфандиёр Ғуломов” навистед. Баъд Масафоев фаҳмонданд, ки шоҳдухтарро Исфандиёр бозидааст. Гуфтанд, - “канӣ, даъват кунед, биёяд”. Ба ман гуфтанд, ки туро вазир ҷеғ зада истодааст. Ба саҳна баромадам. Бо лаҳни бадахшонӣ пурсиданд, ки – “Исфандиёр туӣ”. Чун боварӣ ҳосил карданд, “Маладец” гуфтанд, ки ин баҳои баландашон буд.
- Коргардонҳое, ки солҳои охир ҳамроҳашон кор кардаед, чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
- Мо, ҳоло коргардонҳои хуб бисёр дорем, мисли Муҳиддини Музаффар, ки филмҳои беҳтарин гирифт, “Дов” ва “Моҳӣ дар шаст” ном доранд. Дар чандин озмунҳои ҷаҳонӣ ҷоизаҳоро соҳиб шуд. Ҷавонҳо ҳоло хеле пешрафт карда истодаанд. Корҳои режиссёри ҷавон Соҳибёри Толиб ҳам хуб ҳастанд. Дар театр ҳам ҷавонони болаёқат мисли Баҳром Қурбонов, ки ҳоло намоиши “Сиёвуш”-ро гузошта истодааст. Хуршед Мустафоев – саркоргардони Театри Маяковский ва дигарон.
Нақши пирамарди шинос
- Ҳоло бо кадом корҳо машғулед?
- Ба наздикӣ дар филми “Хоби сурх” нақши пирамарди аз ақл бегонаро бозидам. Ӯ рафиқи ман буд. Хеле дӯсташ медорам, чанд муддат буд, ки ба ин маризӣ гирифтор шуд. Вай ҳамеша механдид, дар фосилаи хандаҳояш аз адабиёти классикӣ мехонд, аз пеши худ шеър мегуфт, ки равону фасеҳ мебаромад. Барои ин нақш чанд муддат омода шуда, ба беморхонаи касалиҳои равонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ рафта, бо рафтору ҳолати беморон шинос шудам, онҷо навор гирифтем, дар кӯчаҳо, дар хона...
Ин қаҳрамони аз ақл берун шуда, ақидаҳои коммунистӣ дошт. Пеш, иштирокчии ҷанги Афғонистон буду тарҷумонӣ мекард, дар натиҷа, аз дидани куштору даҳшатҳои ҷанг ташаннуҷи асаб шуда, бемории рӯҳӣ пайгираш мешавад, ва ҳангоме ба ватан бар мегардад, дар садамаи нақлиётӣ хонумаш дар пеши чашмонаш ҳалок мешавад, ки ин ӯро тамоман аз ақл бегона мегардонад.
Хуллас, аз уҳдаи ин нақш баромадам, ё не, тамошобин қазоват карда, баҳо медиҳад.
Унвони ғайричашмдошт
- Шуморо баръакси ҳамаи ҳунармандон хеле дер ҷоиза доданд. Он чӣ гуна сурат гирифта буд?
- Ростӣ, ман интизор набудам, вазорати фарҳанг даъват карда, гуфтанд, ки бояд либоси расмӣ пӯшида, ба Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шавам. Ростӣ, ман либоси мувофиқ надоштам. Аз театр як шиму костюм гирифта рафтам. Вақте исми маро хонданд назди Ҷаноби Олӣ баромадам. Он кас маро шинохтанд, дастамро фишурданду вақте медалро оварданд, гуфтанд, чанд сол аст, ки дар театр кор мекунед? Гуфтам, аз соли 1971 дар театр ва дар кино аз соли 1980.
- Чаро таҷрибаи тайи 50-солаи шумо то ҳол қадр нагашта буд?
- Ман боре ҳам, назди вазир нарафтаам, ки маро унвон диҳанду собиқаи маро ба назар гиранд. Умуман, дар пайи ин корҳо аслан набудам, ман куллан бо эҷодиёт машғул будам. Тӯли фаъолияти ман чандин вазири фарҳанг иваз шуд. Ҳатто, Ҷаноби Олӣ ҳангоми супоридани ҷоиза савол доданд, ки чаро то ҳол ҷоиза нагирифта будам...
- Чанд муддат аз Тоҷикистон дур будед...
- Бале, дар давлати Уммон будам, Давлати Уммон яке аз давлатҳои рушдкардаи Шарқи наздик ба шумор меравад. Хеле макони ободу ором ба ҳисоб меравад. Онҷо духтарам ва писарам кору зиндагӣ мекунанд. Рафта, онҳоро хабар гирифтам, чанде бо набераҳо вақт гузарондам, аз аҳволашон хабар гирифта, баргаштам.
- Ташаккур, барои фурсат ёфта, бо мо суҳбат кардед. Ба шумо саломативу комёбӣ таманно дорем.
- Сипосгузорам.