arzon replenishment
IRS дар ҳифзи муҳити зист низ собитқадам аст
15.04.2025
Oila.tj
72

Дар баробари нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ, роҳбарият ва кормандон ба дигар масъалаҳо, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист низ бетафовут нестанд. Шинонидани ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда дар масири роҳ, парвариши гулҳои гуногун, бунёди боғ дар ҳудуди намояндагиҳои филиали Ширкат аз корҳое мебошанд, ки мунтазам амалӣ мегарданд.

Илова бар ин, кормандон доимо дар тоза намудани гирду атрофи роҳи мазкур аз партов иштирок намуда, барои безараргардонии онҳо низ бетаъхир тадбир меандешанд. Мутаассифона, баъзе шаҳрвандон ҳоло ҳам партовҳоро ба канор ва рӯи роҳ партофта, ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷониби дигар, чунин тарзи кор муаррифии шоистаи минтақаҳои сайёҳии мамлакатро, ки аксарашон дар масири зикршуда ҷойгиранд, зери суол мебарад. Аз ин лиҳоз, бо ибтикори IRS дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва дигар шаҳру навоҳии минтақаи Суғд дар масири Душанбе-Чаноқ қуттиҳои махсус барои ҷамъоварии   партов гузошта шуд.

Чунин қуттиҳо асосан дар минтақаҳое гузошта шудаанд, ки барои ронандагону мусофирон ва сайёҳону истироҳаткунандагон дастрас мебошанд. Насби онҳо имкон фароҳам меорад, ки канори шоҳроҳ, минтақаҳои назди мавзеъҳои истироҳатию сайёҳӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ҳамеша тозаю озода нигоҳ дошта шаванд. Ҳоло дар канори шоҳроҳи мазкур минтақаҳои назди мавзеъҳои истироҳатию сайёҳӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ин ҷода беш аз 50 қуттии махсус барои партов насб шуда, ояндаи наздик теъдоди онҳо ба 70 адад хоҳад расид.

Роҳи Душанбе-Чаноқ, ки нигоҳдориаш дар асоси шартномаи консессионӣ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст, аз минтақаҳои сайёҳии кишвар мегузарад. Боиси ифтихор аст, ки Ватани маҳбубамон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дорои имкониятҳои бузург аст, ки дар минтақа назир надоранд. Аз ҷумла, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кӯлу чашмаҳо, табиати нотакрор, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш сайёҳонро мафтун кардааст. Сайёҳон ба осоишгоҳҳои машҳури «Хоҷа Оби гарм», «Баҳористон», «Шифо», «Зумрад» «Сафед-дара», «Гулобод», «Авис-сити», «Ҳавотоғ», «Кохи Малика» ва амсоли инҳо тавассути роҳи мазкур сафар мекунанд. Табиист, ки ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он барои ҷалби бештари сайёҳон, таваҷҷуҳбарангез шудани минтақа барои ҷаҳонгардон, беҳбудӣ ёфтани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ омили калидӣ маҳсуб мешавад.

Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, ки тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ сафар мекунанд, аз ҳолати роҳ ва ибтикороти амалинамудаи роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманданд.

Ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки бо насби чунин қуттиҳо барои партобҳои пластикӣ дар масири зикршуда зарфҳои истифодашудаи пластикӣ, ки қад-қади роҳ ва ҷӯйборҳо хеле зиёд ба назар мерасид, коҳиш ёфтааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар даҳсолаи охир зарфҳои пластикӣ боиси фоҷиаи экологӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар уқёнуси ҷаҳонӣ доғҳои бузурге аз партовҳо ба вуҷуд омадаанд, ки асосан аз халтаҳои полииэтилении вайроннашаванда ва зарфҳои пластикӣ таркиб ёфтаанд. Солҳои охир чунин вазъ хатари осеб расонидан ба ҳаёт дар рӯи Заминро ба вуҷуд овард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки ҷиҳати ислоҳи он тадбирҳо андешад.

Аз ин лиҳоз, иқдоми зикршудаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ибтикори қобили мулоҳизаву арзандаи ситоиш ва муҳиму самарабахш баҳри ҳифзи муҳити зист арзёбӣ намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД