Хусумату бадбинии қирғизҳо нисбат ба мардуми тоҷик боз як хонаи тоҷикро мотамсарой гардонд.
Дирӯз боз як тоҷикбачаи бо нангу ор, ки пайи дифои Модар-Ватан сина сипар карда буд, дар моҳи шарифи Рамазон бар асари тири марзбонони қирғиз ҷон ба ҷонофарин супурд ва дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ синаи хоки сардро маскан намуд. Фиғону нолаи ҷигарсӯзи модари фарзандгумкарда ҳатто дили санги хороро ба дард меорад, вале афсӯс...
Зоир Саидумаров ҳамагӣ 27- сол дошта, баҳори соли 2020 ба хизмати аксарӣ даъват шуда буд. Ин ҷавони бо нангу ор муддати ду сол дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон содиқона хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварда, ба ҷавоб шуданаш аз аскарӣ рӯзҳои ба шумор боқӣ монда буданд, аммо расидан ба дидори гарми писар ба падару модари ин аскарбачаи далер ва бо нангу ор муяссар нагашт...
Зоир Саидумаров рӯзи 12-апрел дар натиҷаи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аз мавзеи шикам ва қафаси синааш тир хӯрда, ба бемористон афтид. Табибон барои наҷот додани ҷони аскарбача талошҳои зиёде карда бошанд ҳам, натавонистанд бар аждари марг ғолиб оянд. Сарбози захмӣ бар асари ҷарҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона бо дили пурормон аз олам гузашт.
Ҷанозаи Зоирҷон Саидумаров дирӯз дар зодгоҳаш бо сӯзу гудози бепоён барпо гашта, волидони фарзандгумкарда ва пайвандони ҷигархунаш бо нолаҳои зор ҷисми беҷони ин писари шуҷои Ватанро дар ромгоҳи деҳаи Маҳрами Ҳотами ноҳияи Дӯстӣ ба хок супурданд. Ёдат ба хайр ва ҷоят ҷаннати ҷовидон бошад, фарзанди шуҷои Ватан!