formula
Ҷиҳози арӯсии Ҳумайроро барои нонпулӣ фурӯхтанд
2455

Ҳумайро чанде пеш бо ҷавоне аз ноҳияи Ғур издивоҷ кардааст. Ба хотири аз марг наҷот додани кӯдакону хонаводаи шавҳараш қисме аз ҷиҳози арӯсии ӯро фурӯхтанд.
Имрӯзҳо дар кишвари ҳамсояи Афғонистон гуруснагӣ ба авҷи ало расида, авғонҳо тамоми дороиашонро барои пайдо кардани луқмаи ноне ба бозор баровардаанд.
Хонаводаи шавҳари Ҳумайро низ, қариб ҳамаи чизҳои овардаи ӯро, аз қабили гарданбанд, мебел, тағора, хурҷин, дар маҷмуъ қисман чизҳои гаронарзишашро фурӯхта, нон хариданд.
Шавҳари Ҳумайро барои ба аст овардани кути лоямуте ба Эрон рафтааст.
Тавре хушдомани Ҳумайро ба расонаҳо гуфтааст дар хона ба ғайр аз каме орд дигар чизе надорем. Шояд дигар чиҳозе, ки дар хонаамон мондааст, бифурушем, чунки дигар илоҷе надоранд.
Вазъи иқтисодии мардуми Афғонистон баъди ба сари қудрат омадани “Толибон” паст шуда, ҳамчунин хушксолии сахт буҳрони гурӯснагиро шадидтар кардааст. Аксари мардуми афғон барои кор кардан ба Эрону Покистон рӯ оварданд. Дар бозори Афғонистон фурӯшандаҳо чизу чораи хонаҳошонро ба фурӯш гузоштаанд, то ки нон бихаранду гурӯсна намонанд.
Дар бозорҳои Афғонистон ба хотири рафъи гурӯснагии оилаҳояшон бештари одамон либосу ҷиҳозашонро мисли Ҳумайро барои фурӯш мегузоранд.
Манбаъ : “Радиои Озодӣ”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД