Гирифтани хуни лахшуда бо асбобҳои махсус (шиша, шох) аз миёни ду китф, аз пушт, аз пушти сар ва дигар ҷойҳои баданро «Ҳиҷома» меноманд. Ҳиҷома яке аз суннатҳои Расулуллоҳ (с.а.с.) мебошад ва тавсия додаанд, ки баҳри саломатӣ амалӣ гардонем.
Ҳиҷомаро на танҳо дар вақти бемор шудан, балки дар вақти нороҳат шудан аз хуни зиёд метавон татбиқ кард. Ҳиҷома роҳи беҳтарини табобат барои бемориҳои дарди миён, дарди сар, фишор ба ҳисоб меравад. Ҳиҷома холестероли LDL-ро, ки чун холестроли бад ошно мебошад, кам мегардонад. Холестроли мазкур даруни рагро нороҳат мекунад, ки сабаби бемориҳои қалбро ба пеш меорад. Барои паст кардани холестерол, на танҳо истифода бурдани дору басандагӣ мекунад, ҳамзамон супоридани хунро тавсия медиҳанд. Дар вақти ҳиҷома кардан, моддаҳои заҳрнок ҳам бароварда мешавад.
Диққат! Дар сурати якбора баланд шудани фишори хун (бӯҳрони гипертония), ҳиҷома кардан мумкин нест, зеро ин метавонад боиси сактаи дил ё сактаи қалб шавад.
Ҳиҷома яке аз роҳҳои табиии нест кардани наракҳо аст. Ин яке аз маъмултарин истифода аз ҳиҷомаи косметикӣ мебошад. Барои бартараф кардани ҳаргуна доначаҳо дар рӯй се маротиба кардан кофӣ аст. Ҳиҷома бо ин мақсад дар рӯй ва болои пушт гузошта мешавад. Пас аз ҳиҷома рӯй пок мешавад, ранг ва ранги пӯсташ беҳтар мешавад.
Маълумоти кӯтоҳ ва зарурӣ оид ба ҳиҷома
– Хати кашидаи ҳиҷома бояд, ки 0,1 мм. бошад.
Хати кашида набояд чуқур бошад, зеро ҳам из мемонад ва ҳам якчанд рӯз инсонро бетоб мекунад.
– Хати кашидашуда бояд дар муддати на зиёда аз як ҳафта нобуд шавад.
– Агар ҳиҷома дар шакли зарурӣ сурат гирад, он вақт инсон на ин ки беҳол мешавад, балки дубора эҳё мегардад.
– Ҳиҷомаи дуруст 30-35 дақиқа давом мекунад ва ҳатто то ду соат.
– Баъди ҳиҷома дигар як қатра хун намечакад.
– Нафароне, ки бемории қанд, аз 80 сола боло ё ин ки камхун бошанд, метавонанд ҳиҷома бикунанд. Агар ҳиҷома нодуруст анҷом дода шавад, пас зарари ҷиддӣ медиҳад.
Қабл аз ҳиҷома
– Дар вақти ҳиҷома бехобӣ набояд будан.
– 3-4 соат пеш аз ҳиҷома чизе нахӯрдан.
– Як рӯз пеш аз ҳиҷома, ҷимоъ накардан.
– Як соат пеш аз ҳиҷома кардан, шириние хурдан, аз он ҷумла асал.
Баъд аз ҳиҷома
– Ду рӯз баъд аз ҳиҷома хурокҳои намакин, гушту ширу тухм истифода набурдан.
– Баъд аз ҳиҷома, ду рӯз ҷимоъ накардан.
– Рӯзи ҳиҷома кардан, ҳаммом накардан.
– Баъди ҳиҷома 4-5 соат хоб накардан.
– Рӯзи ҳиҷома хурокҳои турш истифода накардан.
– Оби зиёд нанӯшидан.
– Ширинӣ истеъмол кардан.
Киҳо набояд ҳиҷома бикунанд
– Пиронсол ва заиф
– Ҳомиладор
– Дар ҳолати ҳайз
– Нафари камхун
– Бемориҳои гузаранда
– Фишори хело паст дошта
Ҳиҷома кори осон нест, ки дар ду рӯз омӯхта шавад. Бояд, ки таҳсили онро кард ва нозукиҳои онро омӯхт.
- Ҳиҷома барои чунин шахсон иҷозат дода намешавад !
- Фишори хун паст;
- Нуқсонҳои дил;
- Камхунӣ;
- Ҷароҳати рагҳо;
- Стресси равонӣ.
Бояд дар хотир дошт, ки Ҳиҷома бояд танҳо таҳти назорати табиб бо истифода аз тамоми чораҳои антисептикӣ сурат гирад.
Хиҷома чӣ фоида дорад?
Хиҷома рагҳои хун ва капиллярҳоро пок мекунад, таркиби хун ва лимфаро беҳтар мекунад, заҳрҳо, аз ҷумла кислотаи пешобро аз бадан хориҷ мекунад ва минтақаҳои рефлексиро дар бадан бармеангезад. Хиҷома ба қисмҳои симпатикӣ ва парасимпатикии системаи марказии асаб таъсир мерасонад ва бинобар ин ҳолати умумии рӯҳии инсонро беҳтар мекунад. Ҳиҷома барои бемориҳо ва бемориҳои зерин таъсири намоёни табобатӣ дорад:
- рагҳои варикозӣ,
- дарди сар,
- тарбод,
- Безурётӣ ва бемориҳои занона,
- бемориҳои пӯст,
- иммунитети заиф,
- бемориҳои системаи дилу рагҳо,
- бронхиал астма ва бошқа респиратор касалликлари,
- касалиҳои комплекси манзилӣ, ҷигар, гурдаҳо.
- дард дар гардан, пушт, пушт
- бемориҳои чашм,
- гайморит
- хастагии музмин ва депрессия
- панкреатит
- вазни зиёдатии бадан
Инҳо нишондиҳандаҳои асосии ҳиҷома мебошанд. Илова бар ин, ҳиҷома стрессро рафъ мекунад ва афзоиши мӯйҳои сарро беҳтар мекунад, хун ва лимфаро тоза мекунад, истеҳсоли ҳуҷайраҳои нави сурхи хунро ҳавасманд мекунад ва ба ин васила шумораи онҳоро афзоиш медиҳад. Фишори хунро паст мекунад, бо барномаи ҳамаҷонибаи талафоти вазн кӯмак мекунад.