Дар шаҳри Душанбе қатъи муваққатии интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе минтақаҳо дар назар аст.
Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, ин тадбир ба пайваст намудани шоҳқубури нави оби нӯшокӣ дар кӯчаи Шоҳтемур вобаста буда, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар кӯчаҳои Шоҳтемур, Пушкин, Турсунзода, Лоҳутӣ, Теҳрон, Бухоро, М. Қурбонов, Дӯстии Халқҳо, Беҳзод ва дар ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаҳои Нисор Муҳаммад, С. Айнӣ, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Мичурин, Валамадзода интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.
Аз сокинон хоҳиш карда шудааст, ки пешакӣ об захира намоянд.