Arzon march 2024
Интиқоли маблағ аз Русия бо тартиби нав роҳандозӣ мешавад
29.05.2025
Oila.tj
239

Интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои хориҷӣ аз 30-юми майи соли 2025 бо тартиби нав роҳандозӣ мешавад.

Акнун ҳам шаҳрвандони Русия ва ҳам хориҷиён барои фиристодани беш аз 100 ҳазор рубл бояд суратҳисоби бонкӣ дошта бошанд. Фиристодани чунин маблағ бе суратҳисоб қаблан имконпазир буд ва шаҳрвандони хориҷӣ метавонистанд бо пешниҳоди шиноснома пул интиқол диҳанд. Аммо акнун барои чунин амалиёт идентификатсияи пурра ва маълумотҳои иловагӣ дар бораи ҳадафи интиқол ва қабулкунанда талаб карда мешавад. Бонкҳо метавонанд ҳангоми интиқоли маблағи зиёда аз 100 ҳазор рубл аз шахс маълумоти иловагӣ талаб кунанд. Аммо ин маҳдудият ба интиқолҳои корт ба корт дахл надорад.

Ба гуфтаи мақомоти расмии Русия, қоидаҳои нав бо мақсади мубориза бо қонунӣ кардан ё баровардани маблағҳоест, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД