Салом! Имрӯз мо дар бораи тарзи дурусти оро додани хона бо гулҳои гуногун маълумот медиҳем.
Гул ва растаниҳои ороишӣ натанҳо ба манзили шумо зебу зиннат ва шукӯҳи тоза мебахшанд, балки гази карбонро фурӯ бурда, фазоро бо оксиген пур мекунанд, ки ин барои саломатӣ хеле фоиданок мебошад. Дидани гулҳои шукуфон табъи инсонро болида мегардонад, махсусан гулҳое, ки навдаҳои овезон доранд, хеле назаррабо буда, ба манзили шумо шукӯҳи хоса мебахшанд.
Гулҳои тӯбакии хурдро барои оро додани мизҳои қаҳваю чой, назди компютер ва майдони корӣ истифода мебаранд. Дар ошхона, дар болои рафҳо гулҳои хушбӯй гузоред, бӯйи равғанро рафъ намуда, ба шумо эҳсосоти гуворо мебахшанд.
Дар меҳмонхона гулҳои баҳашамат ва зебои диққатҷалбкунандаеро гузоштан лозим аст, ки баргҳои калон ва дароз доранд. Имрӯзҳо дар баробари гулҳои зинда барои ороиши меҳмонхона гулҳои сунъиро низ истифода мебаранд. Гулҳои сунъии баландсифате ҳастанд, ки онҳоро нусхаҳои дақиқи ботаникӣ меноманд, зеро аз гулҳои зинда қариб фарқ намекунанд.
Будани гул дар меҳмонхона завқи баланди соҳибхонаро нишон дода, дар баробари ин фазои хонаро гуворо ва роҳатбахш мегардонад, вале то кадом андоза зебо намудани гул ба мавқеъи ҷойгиршавии он низ вобастагӣ дорад. Аз ҳамин хотир пеш аз он ки ҷевон, роҳаткурсӣ ва дигар ашёи хонаро ҷо ба ҷо мекунед, аввал ҷойи гулҳоро аниқ намоед. Гулу растаниҳои калон ва аҷибро дар гулдонҳои баландиашон 1-1, 5 метр вобаста аз баландии шифт ҷойгир кардан лозим аст.
Гулҳои калонро дар кунҷи ҳуҷра дар назди тиреза ё байни қисмҳои мебел ҷой кардан беҳтар аст.
Гулҳое, ки дар ҳуҷраи хоб гузошта мешаванд, набояд бӯйи тез дошта бошанд, вагарна одам дар вақти хоб аз бӯйи бади он ба дарди сар гирифтор мешавад. Гулу растаниҳои калонҳаҷми баргҳои паҳн дошта боҳашамат ва зебо ба назар мерасанд, аммо дар ҳуҷраи хоб ҷойгир карданашон дуруст нест, зеро ин намуд растаниҳо ҷойро танг карда, фазоро хурд нишон медиҳанд.
Гулеро, ки баргҳои зебо дорад, метавон дар муқобили оина ё пеши ҷевон ҷойгир кард.
Дар ҳуҷраи кӯдакон гулу растаниҳоеро, ки хор ва бӯйи бад доранд, ҷойгир кардан мумкин нест. Гулҳое, ки дар ҳуҷраи хоби кӯдакон мегузоред, бояд натанҳо зебо, балки бехатар бошанд. Гулҳоеро, ки боиси аллергия гашта метавонанд, дар хонаи кӯдакон нагузоред.
Бояд гуфт, ки на ҳамаи гулу растаниҳо ба намии баланд ва набудани нури табиӣ тоб оварда метавонанд. Барои ҳаммом, беҳтар аст, ки зироатҳои сояафканеро интихоб намоед, ки бе офтоб инкишоф меёбанд. Нефролепис ё папоротник як растании зебоест, ки дар муҳити нами ҳаммом бо миқдори ками нур хуб инкишоф меёбад.
Дар дохили ванна тарҳҳои ороишӣ дар санг ва композитсияҳо дар зарфҳои шаффоф (аквариумҳо) зебо ба назар мерасанд.