arzon replenishment
Интернет беҳтар ё китоб?
31.03.2022
ОИЛА
1023

 

Замона торафт пеш меравад ва технология ҷойи бисёр чизҳоро забт карда, имрӯз одамон ҳаёти худро бидуни телефон, компютер, ютуб, фейсбук, инстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоию бозиҳои ҷаззоби интернетӣ тасаввур карда наметавонанд.

Кор ба ҷое расидааст, ки ҳатто кӯдакони хеле хурдсол, ки ҳанӯз гапзанию роҳгардиро ёд нагирифтаанд, ба телефон часпида, факат телефонбозӣ мекунанд. Ин бад аст ё хуб?

Дар доми интернет

Албатта интернет ҳамчун воситаи бохабар шудан аз рӯйдодҳои нави олам ва омӯзиши донишҳои наву тоза хуб аст, вале мушкил дар он аст, ки на ҳама моҳияти асосии онро дарк менамоянд. Аксари одамон ба интернет на чун манбаи иттилоот, балки ҳамчун як воситаи дилхушӣ ва саргармӣ назар намуда, тамоми вақти холигиашонро бо интернетбозӣ мегузаронанд.

Дар адабиёти ҷаҳонӣ пойбанди интернет шудан ҳамчун беморӣ баҳо дода мешавад ва имрӯз аксари кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони тоҷик низ ба ин дард гирифторанд. Бачаҳои мо он қадар зери таъсири бозиҳои компютерӣ қарор гирифтаанд, ки баъзан хатто ба мактаб гурехта ба интернет-кафе мераванд. Барои пешгирии таъсири номатлуби интернет ба саломатии кӯдакон чӣ бояд кард?

Равоншиносону омӯзгорон бояд ба мушкилоти таъсири вайронкунандаи технологияхои навин ба насли наврас мароқ зоҳир намоянд ва бо назардошти қоидаҳои тарбият, педагогика ва равоншиносӣ усулҳоеро ёбанд, ки кӯдакон ба асорати торҳои ин анкабут наафтанд. Тавассути бо тӯҳфаҳо ҳавасманд кардани кӯдакон ва истифодаи дигар усулҳо мо бояд меҳри атфолро ба китоб бедор созем ва онҳоро ба андеша намудан водор намоем. Ба бачахо маълумотеро, ки ба синну солашон мувофиқ нест, набояд дод. Қалбу руҳи атфолро ғизо додаву кӯдаконро бештар ба чизҳои фоидаовар машғул карда, онҳоро аз бадбахтӣ бояд ҳифз намоем.

Камтарин коре, ки мо карда метавонем, ин дар баробари иҷозат додан баҳри дастрасӣ ба маводи фоиданоки интернет пурра мамониат кардан ба маводи зарарнок аст. Дастрасӣ ба интернет набояд беназорат бошад. Дастрасӣ ба интернет бояд тавассути калид ва паролҳои махсус маҳкам карда шавад. Ман чандон ба ин технология сарфаҳм намеравам, лекин роҳҳои дастрасӣ ба иттилооти манфӣ бояд маҳкам бошад.

Шахсан аз назари ман инсон аз телевизор ё компютер дониши мукаммал гирифта наметавонад. Дар китоб баракати бузурге ниҳон аст. Вақте ки инсон китоб мехонад, кушиш мекунад, ки ба моҳияти аслии масъала ба пуррагӣ сарфаҳм равад. Лозим ояд, боз чанд бори дигар такрор ба такрор онро мехонӣ, то ба умкаш фурӯ равӣ, вале телевизор ва интернет ба кас имкони чунин амиқ фурӯ рафтанро намедиҳанд. Шумо ҳис намекунед, ки ҳамааш ин қадар зуд аз пешатон мегузараду чизеро дуруст намефаҳмед. Барои гирифтани дониши амиқ таҳқиқоти дуру дароз ва такрор ба такрор мебояд. Аз ҳамин хотир беҳтар аст, ки бачаҳои мо вақташонро бештар бо китобхонӣ гузаронанд, на бо интернетбозӣ. Барои ин волидон бояд аз усулҳои гуногун истифода баранд ва бо роҳи тақдим намудани туҳфаҳои хурдакак барои ҳар як китоби хондашуда бачаҳоро ба китобхонӣ бештар шавқманд созанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД