arzon replenishment
Ином Рӯзиев: Бо пӯсти буз ҳам доира сохтан мумкин аст
721

 

Ином Рӯзиеви 74-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, беш аз 45 сол мешавад, ки бо ҳунари пусткашӣ даромади иловагӣ ба даст меорад ва бо ин васила вазъи иқтисодии оилаашро таъмин мекунад.

Ӯ аз пӯсти гов асбоби мусиқии доира месозад. Пӯсти чорвои калони шохдорро аз қассобон ба даст меорад ва аз як пӯст 5-6 адад доира месозад.

Ҳунарманд гуфт, талабгорони доираи сохтаи ӯ асосан санъаткорон ҳастанд, зеро садои доира аз пӯсти гов гӯшфорам аст.

Ином Рӯзиев нафақахӯр аст ва назар ба чанд соли охир ҳоло мехоҳад боз бештар доира созад. Зеро ин як роҳи ба даст овардани маблағи иловаги барои пешбурди зиндагияш аст.

Ҳунарманд як пӯсти говро ба маблаги 60-70 сомонӣ аз қассобон харидорӣ мекунад ва як доираи сохтаашро бо харҷи 40-50 сомонӣ ба фурӯш мегузорад.

Қасқони доира аз чӯби кулён ва ҳалқаҳояш аз лӯлачаҳои борик тайёр карда мешавад. Барои як доира 65 ҳалқа лозим аст.

Қаҳрамони мо гуфт, қасқони тайёр аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид карда мешавад ва санъаткорон худашон онро ба ӯ дастрас мекунанд. Баъдан, Ином Рӯзиев ба он пӯст кашида, доираро тайёр мекунад. Барои омода кардани як доира вобаста ба вазъи ҳаво як ё ду рӯз вақт сарф мешавад.

Бино ба гуфтаи ин доирасоз, ба ҷузъ аз пӯсти гов, инчунин, бо пӯсти буз ҳам доира сохтан мумкин аст. Лекин аз пӯсти буз танҳо доираҳои хурд омода карда мешавад ва ин ҳам барои кӯдаконе, ки шавқи доиранавозӣ доранд, мувофиқ аст.

Ином Рӯзиев гуфт, пӯст чи қадаре, ки тунук шавад, сифати доира ҳамон қадар хуб мешавад. Пӯсти доираро бошад дар як сол ё шаш моҳ, як маротиба нав кардан лозим аст.

 

Қаҳрамони мо ҳунари доирасозиро замоне аз як пиразани маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд омӯхтааст. Ҳоло вай ин ҳунарро ба 4 нафар фарзанду наздик ба 15 нафар набераҳояш низ омӯзонидааст.

Ба ӯ бештар ҳунармандон аз шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Панҷакент ва Исфара доира фармоиш медиҳанд. Солҳои қаблӣ ҳатто ҳофизон аз Ӯзбекистон низ барои сохтани доира ба ин ҳунарманди тоҷик дархост медоданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД