Танк, ки яке аз ёдгориҳои асосии пирӯзии падарону бобоёнамон дар Ҷангу Бузурги Ватанӣ ба шумор меравад, аз нишебии “Текстил” ба “Боғи Ғалаба” кӯчонида мешавад.
Сабаби асосии кӯчонидани ин ёдгории таърихӣ ба макони дигар ба иттилоъи ҳукумати шаҳр, зарурати васеъ кардани роҳ мебошад. Гуфта мешавад, ки дар ҷойи “Танк” эстакада, яъне роҳи дуқабата бунёд хоҳад ёфт.
Шаҳрдорӣ гуфтааст, ки сохтмони эстакада ногузир буда, танҳо бунёди роҳи дуқабата ин минтақаи пойтахтро аз танбашавии нақлиёт наҷот дода метавонад.
Дар назар аст, ки ояндаи наздик дар мавзеъи корхонаи нассоҷии тоҷик "Тоҷиктекстил" ва "Сирк" низ эстакадаҳо бунёд карда шаванд, то мушкили танбашавии нақлиёт дар хиёбони Саъдии Шерозӣ аз байн бурда шавад.
Танк, ки соли ҳанӯз 1984 ҳамчун рамзи пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бунёд гашта буд, баъди 40 сол ҷою макони худро тағйир дода, ба “Боғи Ғалаба” мекӯчад, зеро ба қавли масъулин ҷойи ин ёдгории таърихӣ маҳз ҳамон ҷост.