Бо дастури роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия шурӯъ аз 30-юми май дар ҳудуди шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дубора санҷишҳои ногаҳонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои иқомат ва фаъолияти онҳо шуруъ мешавад.
Ин нукта 21-уми май зимни вохӯрии кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, Консули генералии ҶТ дар Санкт-Петербург Назарӣ Ҳ. Т. ва Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози диаспораҳои тоҷикони Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Бердов Ф. Х. бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти Федералии Бехатарии Федератсияи Россия садо дода, таъкид шуд, ки зимни ин амалиёт хонаҳои истиқоматии иҷоравӣ ва хостелҳое, ки дар онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд, мавриди санҷиш қарор дода шуда, шахсоне, ки дар воқеъ дар ин суроғаҳо иқомат надоранд, муҷозот карда мешаванд.
Мулоқот дар бинои Раёсати кофтукови ҷиноятии Сарраёсати ВКД ФР дар Санкт-Петербург сурат гирифта, дар он муовини сардори Сарраёсати ВКД ФР дар Санкт-Петербург полковник Негрозов Евгений Василевич, Сардори Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, полковник Колесников Олег Николаевич, Сардори шуъбаи кор бо муҳоҷирони РВКД подполковник Небогин Алексей Захаревич ва муовини сардори шуъбаи муқовимат бо экстремизми ХФБ ФР подполковник Рибар Сергей Харитонович иштирок доштанд.
Дар ҷараёни суҳбат дар атрофи мушкилиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифта, кормандони ВКД ва ХФБ таъкид намуданд, ки дар рафти амалиёте, ки аз 30- май шурӯъ мешавад, натанҳо ҳуҷҷатҳо ва будубоши қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ тафтиш карда мешавад, балки сатҳи забондонии онҳоро низ месанҷанд. Дар сурати надонистани забони русӣ, муҳоҷир такроран аз санҷиш гузаронида мешавад. Дар ҳоли насупоридани тест патенти муҳоҷир бекор карда мешавад.
Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо дар боби масъалаҳои зерин табодули назар намуданд:
1. Тақвияти кор дар самти муқовимат бо миёнаравҳое, ки бар ивази маблағ ба муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои лозимаро омода менамоянд. Гузаронидани рейдҳои муштарак дар марказҳои бисёрфунксионалӣ, табодули пайвастаи маълумот дар ин самт.
2. Гузаронидани чорабиниҳои муштараки профилактикӣ, аз ҷумла вохӯрию суҳбатҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар нуқтаҳои иқомат ва фаъолияти дастаҷамъонаи онҳо.
3. Ҳарчӣ зудтар ҳал гардидани мушкилии муттаҳидсозии махзанҳои иттилоотии ВКД оид ба бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ.
4. Гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ дар Маркази ягонаи ҳуҷҷатҳо (кӯчаи Красний Текстилшик), ки нуқтаи асосии муроҷиати муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ошкор намудани унсурҳои коррупсионӣ, бартараф кардани миёнаравҳо ва танзими фаъолияти ниҳоди мазкур.
5. Назорати ҷиддии масҷидҳои минтақа, пурзӯр намудани муқовимат ба таълимоти ғайрирасмии динӣ дар масҷидҳо, пешгирии монеагузорӣ ба таҳсили фарзандони муҳоҷирон ва роҳ надодани ноболиғон ба масҷидҳо.
6. Ҳалли мушкилоти шаҳрвандон дар пайи санҷиши тӯлонӣ дар фурудгоҳи «Пулково», танзими раванди санҷиш, кӯтоҳ намудани муҳлати он ва таъмини шароити маишӣ барои санҷишшавандагон.
Хотиррасон карда шуд, ки маҳз таълимоти ғайриқонунии динӣ омили асосии ба хурофот ва ифротгароӣ бурдани ҷавонон ба шумор меравад ва беэътиноӣ дар ин масъала пайомадҳои манфӣ дорад.
Сардори шуъбаи кор бо муҳоҷирони РВКД подполковник Небогин Алексей Захаревич ҳамчун шахси ҳамоҳангсоз дар пешбурди корҳои муштарак ва табодули маълумот муайян гардид. Дар ин бора аз Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар доданд.
Чун санҷишҳои қарибулвуқуъ дар назаранд, аз муҳоҷирон хоҳиш карда мешавад, ки ҳама ҳуҷҷатҳои лозимаи худро ба тартиб дароранд.