Arzon march 2024
Имтиёзҳо ба андозсупорандагон
458


“Қонунгузории андоз вобаста ба арзиш ва имтиёзҳо нисбати воридоти технологияҳо ва таҷҳизотҳои кишоварзӣ нисбат ба арзиш андоз пешбинӣ накардааст. Дар қисмати воридот бошад он технологияҳо ва таҷҳизотҳои кишоварзие, ки дар дохилӣ кишвар истеҳсол намешавад, воридоти он аз пардохҳои андозӣ ва гумрукӣ бо мақсади кам шудани арзиши он мебошад.

Агар болои он маҳсулоти кишоварзӣ 15 фоиз арзиши андозӣ иловашуда, 15 % андози гумрукӣ зам шавад, нархи он 30 фоиз зиёд мешавад.”

photo_2023-05-11_16-16-57

Ин посухи Назарзода Назирҷон, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози кишвар дар маҳфили иқтисодии "Тавозун", ки ба мавзӯи “Ислоҳоти низоми андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, ба саволи хабарнигори сомонаи Оила буд, ки дар мавриди ба таҷҳизоти кишоварзӣ илова шудани андоз аз арзиши таҷҳизот аст ё кишвари воридгардида пешниҳод гардид.     

Номбурда дар идомаи савол чунин гуфт: “Дар дохили кишвар истеҳсолшаванда (техникаҳои кишоварзӣ) таҳвили он беназардоштӣ андози арзиши иловашуда сурат мегирад. Дар Кодекси андозе, ки дар таҳрири нав аст, механизми имтиёзҳоро бисёр васеъ намуда, такрор ҳам шавад, ҳам қисмҳои эҳтиётӣ, ҳам техникаҳои кишоварзӣ ва ҳам воридотӣ аз андоз озод карда шудааст.”

photo_2023-05-11_16-16-59
Дар ин чорабинӣ мавзӯъҳои дигари ба андоз ва андозбандӣ баррасӣ гардида, яке аз паҳлуҳои муҳими он андозбандӣ гардидани блогерони тоҷик, даромади шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин маҷмӯи даромади буҷаи давлат аз андоз қайд гардид. 

Лозим ба ёловарист, ки бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” чорабинии иқтисодӣ дар доираи рӯзноманигорони ватанӣ ва намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон багузор гардида, мавзӯъҳои мубрам мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

photo_2023-05-11_16-17-01
Тибқи оморои ироагардида аз ҷониби кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар дар соли 2022 даромади қисми буҷет 15 миллиарду 388 миллион сомонӣ баробар мебошад, ки 104 % буҷетро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД