Commerc banl
Имрӯзу фардо дар Тоҷикистон ҳаво сард мешавад
10.03.2026
Oila.tj
101

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз ноустувор шудани вазъи ҳаво дар рӯзҳои 10-11-уми март хабар медиҳад. Дар аксари минтақаҳои кишвар борон ва барф дар назар буда, ҳарорати ҳаво паст мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Рашт, Сангвор, Лахш ва Варзоб, инчунин бархе минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши барф бештар мегардад.

Инчунин, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ эҳтимоли фаромадани сел ва дар ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон хатари тарма вуҷуд дорад.

Аз сокинон ва ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД