Имрӯз, 30-юми январ дастаи миллии футзали Тоҷикистон бозии дуюми худро дар Ҷоми футзали Осиё-2026, ки дар Индонезия ҷараён дорад, анҷом медиҳад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаи мо бо мунтахаби Ҷопон нерӯ месанҷад. Бозӣ дар маҷмааи варзишии "Индонезия-Арена"-и Ҷакарта соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Мавриди зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов аввалин бозии худро дар Ҷоми футзали Осиё-2026 бо яккачини Ӯзбекистон доир кард. Вохӯрии дастаҳо бидуни гол хотима ёфт. Дар бозии аввали дигари гурӯҳ Ҷопон бо ҳисоби 6 бар 2 Австралияро шикаст дод.
Ҳоло дар гурӯҳи “С” пас аз бозиҳои даври аввал Ҷопон бо касби 3 имтиёз дар зинаи авввал аст. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо 1-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм мавқеъ гирифтаанд. Австралия бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум аст.
Ёдовар мешавем, ки тими миллии футзали Тоҷикистон қабл аз оғози Ҷоми Осиё-2026 бозиҳои санҷиширо дар шаҳри Ҷакарта доир карда буд. Дастаи мо аз Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 4 мағлуб шуда, Индонезияро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод ва бо Арабистони Саудӣ 1 бар 1 мусовӣ кард.
Дар қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 дастаи миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» охирин бозиро муқобили тими Австралия рӯзи 1-уми феврал доир мекунад.