Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Камбоҷа бозӣ мекунад
05.06.2025
Oila.tj
302

Имрӯз, 5-уми июн дар Варзишгоҳи миллии олимпии Пномпен мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Камбоҷа бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо либоси сурх ба майдон мебарояд. Яккачини Камбоҷа бошад, бо либоси кабуд баромад хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дастаҳои Камбоҷа ва Тоҷикистон як маротиба дар сатҳи тими миллӣ вохӯрдаанд. 23-юми марти соли 2011 дар чаҳорчӯби марҳилаи гурӯҳии Ҷоми даъвати КФО-2012 дастаҳо ба ҳам омада буданд, ки он бо пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон - 3:0 анҷом ёфта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Камбоҷа бозӣ мекунад
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси