arzon replenishment
Имрӯз дар Тоҷикистон ду заминларза сабт шуд
06.01.2025
ОИЛА.ТҶ
639

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо истинод ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз, 6-уми январи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ду заминларза ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки ларзиши аввал соати 09:32 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дода, маркази он 261-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 56-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хоруғ, 61-километрии шимолу ғарб аз ноҳияи Ишкошим дар ҳудуди Афғонистон будааст.

Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 3 балл, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ишкошини ВМКБ 2 баллро ташкил додааст.

Заминларзаи дуюм соати 12:17 дақиқа сабт шудааст. Маркази он 221-километрии ҷануби шаҳри Душанбе, 68-километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон боз ҳам дар қаламрави Афғонистон будааст.

Қувваи ларзиши дуюми замин дар маркази он 3 бал ва дар ноҳияи Шаҳритус 2 баллро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти расида, талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД