toyota motors
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
06.04.2026
Oila.tj
67

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳавои тағйирёбанда ҳукмфармо хоҳад буд. Шамол асосан аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат дар ғарб шабона 6+11 ва рӯзона 13+18 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Дар шарқи вилоят бошад, шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад, шабона 2+7 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм пешбинӣ мегардад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД