Имрӯз, 27-уми август бинобар анҷом додани корҳои таъмирӣ дар хатҳои барқрасон, интиқоли нерӯи барқ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои се ноҳияи шаҳри Душанбе муваққатан қатъ карда мешавад.
Ба иттилои Шабакаҳои барқи Душанбе, маҳдудияти барқрасонӣ аз соати 09:00 то 17:00 идома хоҳад кард.
Дар ноҳияи И. Сомонӣ барқрасонӣ дар кӯчаҳои Пушкин - биноҳои №2, 4, 6, 8, 10 ва 12, инчунин кӯчаҳои Ҳабибулло Назар, Шевченко, Бухоро, Сурхоб, Заҳматобод, Телмон ва Меҳнат қатъ мешавад.
Дар ноҳияи Фирдавсӣ маҳаллаи Дарёбод бе барқ мемонад.
Дар ноҳияи Сино маҳдудият кӯчаҳои Ҷ. Расулов ва А. Навоӣ, инчунин маҳаллаҳои Калинин, Навобод, Меҳробод, Бунёдкорон ва Чортеппаро фаро мегирад.
Шабакаҳои барқи Душанбе аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар ин муддат барои истифодаи зарурии нерӯи барқ омодагӣ бинанд.