Formula novemver 2024
Имрӯз дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии “Тоҷи Сомон” баргузор мегардад
889

 

Аз 15 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии "Тоҷи-Сомон" баргузор мегардад. Ин фестивали кино таҳти унвони "Қадршиносии ҳунари асил" сурат мегирад.

Ба таъкиди “Тоҷикфилм” дар доираи ин синамоҷоиза рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 95-солагии Тоҳир Собиров, питчинги байналмилалии лоиҳаҳои синамоӣ, дарсҳои "Устод ва шогирд" ва Шӯрои директорони киностудияҳо ИДМ баргузор хоҳад гашт.

Гуфта мешавад, ки ҳамзамон дар доираи Синамоҷоизаи дуюми миллии "Тоҷи Сомон" филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кӯтоҳ ва тасвирии миллӣ намоиш дода мешаванд. Дар чаҳорчӯбаи он филмҳои пурра, кӯтоҳи бадеӣ, мустанад ва тасвирӣ, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи навор омадаанд, пешниҳоди тамошобинони кинои тоҷик мегарданд.

Бояд гуфт, ки Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи "Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" доир мешавад. Он ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) бахшида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД