Имрӯз, 11-уми сентябр дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли нерӯи барқ аз соати 09:00 то 17:00 муваққатан қатъ карда мешавад.
Ба иттилои намояндагии Шабакаҳои тақсимоти барқ дар пойтахт, маҳдудият ба анҷоми корҳои таъмирӣ ва тоза кардани шохаҳои дарахтон дар наздикии хатҳои интиқоли барқ вобаста аст.
Барқи сокинони минтақаҳои зерин қатъ мешавад:
Ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳраки 65-ум, кӯчаҳои Борбад, Қосимов, Фирдавсӣ, Хатлон, Мумин ва Яккатут.
Ноҳияи Сино: кӯчаҳои Р. Набиев, Б. Ғафуров, Қазоқон, Ф. Муҳаммадиев, инчунин маҳаллаҳои Чортути боло ва поён, Конститутсия, Арбобхотун, Деҳи нав ва Шодиёна.
Ин маҳдудият муваққатӣ буда, пас аз анҷоми корҳои таъмирӣ интиқоли нерӯи барқ барқарор карда мешавад.