“Шабакаҳои тақсимоти барқ” эълон кард, ки имрӯз, 12-уми декабр то 17:00 дар як қисми кӯчаҳои зерини шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ мегардад.
Қатъи барқ дар ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаҳои Мирзобек, Гулистон, Шабакаҳои Гармидиҳӣ, Алфа, Институти академияи илмҳо, Сабзикор, Ховарон, дар ноҳияи Сино дар кӯчаҳои Меҳробод (Калинин), Сино, Ҳувайдуллоев, С. Шерозӣ, Р. Набиев, Фурӯзон, Ҷомӣ, Хуҷандӣ, Дилкушо, Севастопол, Роҳи нав, Ҷ. Расулов дар назар аст.
Сабаби хомӯш кардани барқ таъмири баъзе зеристгоҳҳо гуфта мешавад.