goodwell
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Душанбе барқ муваққатан қатъ мешавад
25.08.2026
Oila.tj
99

Дар робита ба корҳои таъмиру профилактикӣ имрӯз, 25-уми август аз соати 09:00 то 17:00 интиқоли нерӯи барқ дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Сино муваққатан қатъ карда мешавад.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар кӯчаҳои Шевченко, Бухоро, Сурхоб, Заҳматобод, Телман, Меҳнат ва дар ноҳияи Сино дар кӯчаҳои Ҷаббор Расулов, Балх, Конститутсия, инчунин маҳаллаҳои Бунёдкорон ва Чортеппа қатъи муваққатии барқ дар назар аст.

Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки вобаста ба ҷараёни корҳои таъмирӣ дар баъзе қитъаҳо интиқоли нерӯи барқ метавонад пеш аз соати 17:00 барқарор карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД