Аз соли 1992 инҷониб бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид санаи 3 декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ғамхорӣ ба маъюбон пазируфта шудааст.
Дар ин рӯз, дидорбинии маъюбон ва амалӣ намудани кӯмак ва иқдомҳои хайрхоҳона нисбати онҳо гузаронида мешавад.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон тадбирҳои зиёди назаррасро ба анҷом расонидааст. Тибқи қонунгузории амалкунанда барои маъюбон як қатор имтиёзҳо ва кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ муқаррар гардидаанд. Ҳоло дар мамлакат маъюбон ба таҳсилоти умумӣ, касби миёна ва олӣ фаро гирифта шуда, аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ва касбомӯзӣи онҳо имтиёзҳо муқаррар шудаанд.
Аз замони ба даст овардани Истиқлолият то имрўз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Албатта, мо шоҳид ҳастем, ки дар ин давра аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои дахлдори қонунгузорӣ марбут ба тамоми ҷанбаҳои масъалаҳои маъюбӣ, аз ҷумла, таъминоти иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли маъюбон ва таъмини муҳити дастрас таҳия ва қабул гардидаанд.
Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва даҳҳо санадҳои дигар, ки барои маъюбон имконияти ҳифзи ҳуқуқии онҳоро таъмин менамояд, ба миён омадаанд.
Ба таъкиди Нуқарабибӣ Бобоева, намояндаи Ҷамъияти маъюбони шаҳри Бӯстон, шахсони маъюбиятдошта ҳаматарафа дастгирӣ ёфта, ҳукумати мамлакат талоштҳои зиёд баҳри зиндагии шоистаи онҳо мекунад. Барои исботи гуфтаҳои боло, месазад аз фаъолияти шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон сухане дар миён гузошт ва талошҳои кормандони ин боргоҳро дар роҳи хизматрасонӣ ба маъюбону шахсони имконияташон маҳдуд махсус ишора намуд.
“Чуноне ки медонем шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон ҳамсоли Китобхонаи миллӣ аст. Аз нахустин рӯзи ифтитоҳ ин шуъба дари худро ба рӯйи маъюбон дар ошёнаи аввали бинои боҳашамати китобхона боз кард ва аввалин хонандагонаш низ ҳамон рӯз вориди толори хониши он шуданд. Аз оғоз хонандагони мо гумон мекарданд, ки дар ин шуъба ба ғайр аз чанд даста китоби брайлӣ матлаби дигаре наметавон пайдо кард, вале бо гузашти вақти хеле кутоҳ шуъба ба яке аз фаъолтарин шуъбаҳои ин боргоҳи маърифат табдил ёфт. Акнун ин ҷо на фақат китобхонӣ меоянд, балки меоянд, то гирди як миз биншинанд ва маҳфилеро барпо созанд”,-гуфт мавсуф ва таъкид кард, ки ҳар гоҳ ба пойтахт биёяд, ҳатман вориди ин шуъба гашта бо дигар ҳамтақдиронаш ҳамсуҳбат мешавад.
Қобили қайд аст, ки дастгирии маъюбону ниёзмандон, оростани дастархони идонаву супоридани туҳфаҳои гуногун ба онҳо дар арафаи ҳар иду айём аз иқдомҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ҳошияи сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва вазорату идораҳо ба маъюбон кӯмакҳои модию молиявӣ расонида мешаванд.
Ба зикри Асадулло Зикрихудоев, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии "Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон", ҳуқуқу имтиёзоти сокинони кишвар, бахусус табақаи осебпазир аз қабили маъюбон, ятимону барҷомондагон, ниёзмандону калонсолон ба пуррагӣ риоя шуда, ин табақаҳои аҳолӣ зери пуштибонии ҳукумати кишвар қарор гирифтаанд ва хоҳанд гирифт.
Тавре ки гуфтем, аз соли 1992 инҷониб бо Қарори Созмони Миллали Муттаҳид санаи 3-декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ғамхорӣ ба маъюбон пазируфта шудааст. Имсол мавзӯи он аз ҷониби СММ "Роҳҳалҳои тағйирдиҳанда барои рушди фарогир: нақши навоварӣ дар таҳкими ҷаҳони дастрас ва одилона" эълон гардидааст.
Мирсаид САТТОРИЁН