Солҳои охир дар ҷамъияти мо нафарони дурӯғгӯ зиёд шудаанд. Воқеан, дурӯғ яке аз амалҳоест, ки инсонро ба роҳи ғалат ва нодуруст мебарад. Беҳуда намегӯянд, ки “дурӯғ торикии имон аст” ва “дурӯғгӯ – душмани Худост”. Бинобар ин, инсон бояд аз дурӯғ парҳез кунад. Ҳикоя теро аз рӯзгори Имом Бухорӣ мисол меорем, ки қудрти сухани ростро нишон медиҳа.
Дар шарҳи ҳоли имом Бухорӣ (р) омадааст, ки вақте модарашон ба сафари илмомӯзӣ равонашон менамуд, таъкиди зиёд намуд, то ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯянд. Вақте дар аснои сафар роҳзанон ба эшон ҳамла бурданд ва корвонро ғорат намуданд, яке аз онҳо аз имом, ки он замон наврас буданд, пурсид, ки чӣ миқдор пул дорӣ? Имом Бухорӣ ҷавоб доданд, чиҳил динор. Пурсанда гумон кард, ки шӯхӣ мекунад ва ба ӯ эътиное накарда гузашт. Роҳзани дигаре омада, ҳамин саволро ба ӯ дод ва ҳамин ҷавобро аз эшон гирифт. Ин мард Имомро назди сардорашон бурд. Сардор низ аз ӯ пурсид, ки бо худ чӣ дорад ва ҳамон ҷавоби чиҳил динорро шунид. Сардори роҳзанон бо ҳайрат пурсид: Чаро рост мегӯӣ? Имом ҷавоб дод: Бо модарам аҳд бастаам, ки ростгӯ бошам, метарсам, ки аҳдашро бишканам. Тарсу ваҳшат саропои сардори дуздонро фаро гирифт ва фарёдзанон гуфт: “Ту метарсӣ паймони модаратро бишканӣ, ҳол он, ки ман аз паймоншиканӣ аз Худо наметарсам?!” Сипас фармон дод то ҳар чӣ аз қофила гирифтаанд, бозпас гардонанд ва ба Имом рӯ оварда фармуд: “Ба дасти ту ба даргоҳи Парвардигор тавба кардам”.
Агар мардум баракат ва манфиати ростиро ҳис мекарданд, ҳаргиз дурӯғро истифода намекарданд.
Худованди мутаъол дар каломи поки худ, дар сураи мубораки “Моида” ояти 119 мефармояд: “Худо гӯяд, ин рӯзе аст, ки ба ростгӯён ростии онон нафъ бахшад. Онон боғҳое доранд, ки аз зери он ҷӯйборон равон аст, ки дар он ҷо барои ҳамеша ҷовидонаанд. Худованд аз онон хушнуд шуд ва (онон низ) аз Ӯ хушнуд шуданд. Ин растагории бузург аст”.
Ва Паёмбари Худо (с) мефармоянд:
“Он чи, ки туро ба шакку тардид меандозад, раҳо карда ва ба сӯи чизе бирав, ки туро ба шак водор намекунад, чаро ки садоқат мояи оромиш ва дурӯғгӯӣ мояи шакку тардид аст. (Имом Тирмизӣ). Ростгӯӣ роҳи наҷот аст. Агар банда содиқ ва ростгӯ аст, самараи онро ҳам дар дунё ҳам дар охират хоҳад дид.