arzon replenishment
Ҳиллаҳои занона барои розӣ кардани мард ба дамгирӣ дар истироҳатгоҳ
1695

Шумо мехоҳед дар фасли тобистон рухсатии меҳнатӣ гирифта, ақаллан ду-се ҳафта дар ягон истироҳатгоҳ дам бигиред ва куфти худро бароред, вале шавҳаратон розӣ намешавад?

Баҳонаҳо барои саркашӣ намудан аз рафтан ба истироҳатгоҳ хеле зиёданд. Кӯдаконро ба кӣ монда меравем? Падару модарам пир шудаанд, ба ҷойи ба истироҳатгоҳ рафтан, ману ту бояд ба онҳо кӯмак расонем. Дамгириро як тараф мон занак, дар давраи рухсатии ту хонаро таъмир кардан даркор, маро аз ҷойи кор ҷавоб намедиҳанд ва ғайра...

Чаро мардҳо аз дамгирӣ мегурезанд?

Сабабҳои аз рафтан ба истироҳатгоҳ саркашӣ намудани мардон хеле зиёданд.

Якум: мардро хароҷотҳои иқтисодӣ ба ташвиш меорад. Албатта барои ба истироҳатгоҳ рафтан пул лозим аст-пули зиёд. Мард фикр мекунад, ки пулро беҳуда ба ҳаво пош надода, маблағеро, ки барои истироҳат сарф мешавад, ба ягон кори дигари зарурӣ аз қабили таъмири хона, харидани ягон чизи нав сарф кардан беҳтар аст.

Дуюм: мард мехоҳад вақташро бо дӯстонаш гузаронад, зеро фикр мекунад, ки бе ин ҳам ҳар рӯз бо ҳамсараш аст ва шарт нест, ки барои бо зани худаш танҳо мондан, пул сарф карда, ба ягон ҷойи дур равад.

Сеюм: Мард фикр мекунад, ки дар истироҳатгоҳ ба ҷуз хӯрдану хобидан дигар ягон машғулияти шавқовар нест. Барои аксари мардон ҳамроҳи ҷӯраҳо ба моҳидорӣ, шикор, аспдавонӣ ё пивонӯшӣ рафтан аз истироҳатгоҳ сад маротиба беҳтар ва шавқовартар аст.

Чорум: Оила дача-бӯстонсаройи худро дошта бошад, мард мӯътақид аст, ки то охири умр барои ба ягон истироҳатгоҳ рафтан зарурат нест. Бӯстонсаройи худӣ, ҳавои тоза, кӯдакон бемалол давутоз мекунанд. вале масъулияти руфтану шустану пухтан боз бар дӯши зан афтида, вақти дамгирӣ намеёбад.

Чӣ бояд кард?

Бо зӯрӣ мардро ба истироҳатгоҳ бурда намешавад, бинобар ин, шумо бояд баъзе макру ҳиллаҳои занонаро ба кор баред.

1. Барои розӣ кардани мард ӯро бовар кунондан лозим аст, ки ба истироҳатгоҳ рафтан хароҷоти беҳуда ва пулро ба ҳаво пошидан нест. Имкон дошта бошед, тариқи иттифоқаи касаба роҳхати ройгон ё арзон ба даст биёред. Ба шавҳаратон бигӯед, ки агар наравед, роҳхат беҳуда месӯзад.

2. Барои кӯдаконатон ягон доя-нянка ёбед. Фарзандонатонро ба одами бегона бовар карда натавонед, аз модари худатон ё модари шавҳаратон хоҳиш кунед, ки чанд рӯз набераҳояшонро парасторӣ кунанд. Вақте мард медонад, ки бачаҳояш бо бегона не, балки бо бибии худашон ҳастанд, бо дили пур метавонад ба истироҳатгоҳ равад.

3. Ду поятонро ба як мӯза андохта, шавҳаратонро маҷбур накунед, ки шуморо ба истироҳатгоҳ барад. Ба ҷойи ин ба мард гӯё дар омади гап дар бораи манфиатҳои истироҳатгоҳе, ки интихоб кардаед, бигӯед. Масалан метавонед гӯед, ки дар он ҷо бемории ревматизм ё фишорбаландиро хеле хуб табобат мекардаанд, фалон шиносатон чанде пеш рафта буд ва баъди баргаштан дарди пойҳояш гум шудааст, фишораш дигар баланд намешавад ва ғайра. Вақте мард дарк мекунад, ки бо як тир ду нишон зада, метавонад ҳам дам гирад ва ҳам табобат намояд, бегуфтугӯ розӣ мешавад.

4. Барои шавқманд кардани шавҳаратон аксҳои зебоеро, ки ин ё он дугонаатон ҳамроҳи шавҳараш дар истироҳатгоҳ гирифтааст, нишон диҳед. Шаршара, лаби дарё, дилхушӣ...ҳар қадаре, ки аксҳо шавқовартар бошанд, ҳамон андоза дили мард барои рафтан бештар моил мегардад.

5. Шарти аз ҳама муҳим ва таъсирбахш-муайян кунед, ки кадоме аз дӯстони шавҳаратон ба ҳамон истироҳатгоҳ рафтанист ва дар омади гап дар ин бора ба шавҳаратон бигӯед. Масалан метавонед гӯед, ки дирӯз зани фалон ҷӯраатонро дидам, ҳамроҳи шавҳараш ба ҳамон истироҳатгоҳ дамгирӣ мерафтаанд. Андешаи он ки метавонад дар як гӯшаи зебои табиат бо дӯсти наздкаш рӯз то бегоҳ бемалол шоҳмотбозӣ карда, пиво нӯшад, мардро барои ба истироҳатгоҳ рафтан шавқманд месозад.

6. Шавҳаратон дар ҳақиқат имконияти иқтисодии ба истироҳатгоҳ рафтан надошта бошад, беҳуда зорию тавалло карда, ҳам асаби худатон ва ҳам асаби мардро вайрон накунед. “Ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад” гуфтаанд, ба ҷойи истироҳатгоҳ шумо метавонед ҳамроҳи шавҳару фарзандонатон ба дараи Варзоб, Ромит ё ягон мавзеъи дигари зебо як-дурӯза дамгирӣ равед ва аз тамошои манзараҳои зебои табиат лаззат баред. Ин чандон хароҷоти зиёдро талаб намекунад, вале табъро болида гардонида, рӯҳияи касро дигар ва аҳли оиларо ба ҳамдигар қаринтар месозад.

Бароятон истироҳати бофароғат ва тобистони пур аз хотираҳои ширинро орзумандем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД