Arzon march 2024
Ҳиллаи одам-рӯбоҳ фош шуд!
1846

 

Дар боғи ҳайвоноти шаҳри Қарочии Покистон махлуқи булаҷабе вуҷуд дорад, ки то имрӯз шабеҳашро тасаввур кардан душвор аст.

Мумтоз-Бегим ном дорад ин махлуқи афсонавӣ, ки баданаш рӯбоҳу сараш сари одамист.

Муддати 40-сол ин махлуқи булаҷаб яке аз қаҳрамонҳои асосии ин боғи ҳайвонот ба ҳисоб мерафт. Барои дидани одам-рӯбҳ ҳар рӯз садҳо меҳмонони хориҷӣ ба Покистон омада аз боғи ҳайвонот дидан мекарданд. Ин махлуқи булаҷаб тамоми меҳмонони сокинони шаҳрро ба даҳшат меовард, вале ба ин нигоҳ нкарда, барои вохӯрӣ бо одам-рӯбоҳ мардум навбат мепоиданд. Аксарият ин махлуқи аҷибро муқаддас шумурда, ба зиёраташ меомаданд. Одам-рӯбоҳ қобилияти аҷиби фолбинӣ дошта, бар ивази пули калон ояндаи меҳмонони боғи ҳайвонотро пешгӯӣ мекард. Донишҷӯён аз ин махлуқи аҷиб дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳояшон пурсон мешушаднд, модарон аз одам-рӯбоҳ хоҳиш мекарданд, ки барои кушода шудани дари бахти духтаронашон дуо кунад, вале чанде қабл сирри одам-рӯбҳ фош гашт. Маълум шуд, ки одам рӯбоҳ ягон хел махлуқи муқаддас набуда, танҳо фиреби назар аст. кормандони боғи ҳайвонот бо ҳамин роҳ меҳмонон ва сокинони шаҳрро ахмақ карда, аз ин ҳисоб ҳамарӯза пули калон кор мекардаанд.

Дар асл одам-рӯбоҳ як марди 33 сола бо исми Мурод Алӣ будаатс, ки пешааш актёрӣ мебошад. Ин мард, ки оиладор ва падари ду фарзанд будааст, ба пӯсти рӯбоҳ даромада, мардумро аҳмақ мекардааст. Ҳамарӯза худро ба мисли зан орову торо додаву ба пӯсти рӯбоҳ даромада, Мурод Алӣ бар ивази 12 соати кораш дар боғи ҳайвонот маоши хеле калон мегирифтааст.

Ногуфта намнад, ки ин касбро Мурод аз падараш, ки 16-сол пеш вафот карда, нақши Мумтоз-Бегимро мебозид, мерос гирифтааст.

Шумопраичунин мардумфребон рӯз то рӯз меафзояд аз ҳама ҳайратовараш он аст, ки сокинони кишварҳои мусалмонӣ бештар ба чунин махлуқҳо бовар карда, ба осонӣ ба доми фиреби ин шайтонҳои дупо меафтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД