formula
Ҳиллаи Амир Хон: 1 кг орд хайр карду...
4553

Ҳунарпешаи машҳури Ҳиндустон Амир Хон чанд рӯз қабл як хайри ғайриоддӣ кард, ки ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Аз ҷониби ӯ ба одамони камбағал дар ҳаҷми як килограмм орд закот дода шуд. Фақат як киллограмм орд.

Замоне ба гӯши мардум расид, ки Амир Хон 1 кг орд хайр мекунад, аксари одамон ин амали ҳунармандро баҳои ночиз дода, ҳатто тамасхур низ карданд. Сари онҳо ба 1 кг орд хам нашуда, барои гирифтани он хайр ҳатто аз дари хонаашон як қадам ба берун нагузоштанд.



Барои гирифтани закот танҳо он нафароне рафтанд, ки дар хона нони хӯрдан надоштанд. Ин одамони бечора аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегирифтанд, чунки 1 кг орд мегиранду 1-2 нон барои сер шудани шиками чанд рӯз боз гӯшнамондаашон мехӯранд.
Вақте, ки 1кг ордро гирифтанд, дар даруни борхалта чашмашон ба чизе афтид, ки ҳеҷ гоҳ интизораш набуданд. Яку якбора сюрпризи Амир Хон ҳамаи он камбағалонро ҳайратзада кардааст. Аз шодию хурсандӣ дар куртаашон нағунҷида, забонашон ҳатто аз гап задан ба ҳам печидааст. Онҳо дар даруни 1 кг орд 15 ҳазор рупий ёфтанд.

Амир Хон ҳиллаи одилона кард. Дар дохили ҳар борхалта маблағи калон дохту аз болояш 1 кг орд монд. Касоне, ки ҳақиқатан ба кӯмак ниёз доштанд соҳиби 15 000 рупий шуданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама ин амали ситораи синамои ҳиндро шоистаи баҳои арзанда дониста, дар ҳақаш дуои нек кардаанд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД