Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Бӯстон бо раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ва сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳр шинос гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, зимни боздид вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода баъди анҷоми корҳои таъмиру навсозии куллӣ шуъбаи асаб ва шуъбаи бемориҳои дарунии Беморхонаи шаҳриро ба истифода доданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти табибон ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мебошад.