35 years of independency
Ифтитоҳи "Роҳи абрешим" дар Истаравшан
106

Ифтитоҳи "Роҳи абрешим" дар Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан маҷмааи муосири соҳибкории «Роҳи Абрешим», ки аз 18 ошёна иборат аст, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи иншоот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.

Иншооти нав дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, яке аз иншооти муосири хизматрасонӣ ва соҳибкорӣ дар шаҳр ба шумор меравад.

Маҷмааи мазкур аз 18 ошёна иборат буда, дар он барои фаъолияти марказҳои савдо, хизматрасонӣ, фароғат ва истироҳат шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар дохили бино маркази савдои «Ширин», мағозаҳои брендӣ ва армуғонӣ, қаҳвахона, тарабхона, меҳмонхона, маркази солимгардонӣ, толори варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ҷойгир шудаанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди иншоот фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ мебошад.

Барои роҳати сокинону меҳмонон дар бино шаш лифт, аз ҷумла ду лифти панорамавӣ ва шаш эскалатор насб гардидааст. Ҳамзамон, дар саҳни маҷмаа боғчаҳои сабзазор, фаввораҳо, нишастгоҳҳо ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити иншоот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки саҳми соҳибкорон дар ободонӣ, созандагӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат назаррас мебошад. Сарвари давлат соҳибкоронро ба идомаи корҳои бунёдкорона ва татбиқи ташаббусҳои созанда ҳидоят карданд.

Дар ҳошияи маросими ифтитоҳ инчунин гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки дар он маҳсули эҷоди ҳунармандони Истаравшан ва намунаҳои ҳунарҳои анъанавии миллати тоҷик ба маъраз гузошта шуданд.

Ба истифода додани маҷмааи «Роҳи Абрешим» қадами дигар дар самти рушди соҳибкории ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтори хизматрасонӣ дар шаҳри Истаравшан арзёбӣ мегардад.

Абдуғаффор Шодиев

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД