sebiston july new
Иқдоми хайрхоҳонаи оилаи Раҳмихудоевҳо
2106

 

Бо паҳншавии вируси нави COVID-19 ва дар шароити ҳозираи пандемия омӯзгор Гулаҳмад Раҳмихудоев дар якҷоягӣ бо фарзандонаш ба якчанд оилаҳои камбизоати деҳаи Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъа кӯмаки яквақтаинаи худро расонид.

Азбаски вазъияти ҳозира ба пастшавии шароити иқтисодии кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Русия низ оварда расонид, аксари сокинони ин деҳа дар он ҷо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва онҳо наметавонанд ба хонаводаашон пул фиристанд.

Гулаҳмад Раҳмихудоев, доктори илмҳои биология ва кишоварзӣ, профессор, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, зодаи деҳаи Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъа буда, айни замон ба ҳайси омӯзгор дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Мавсуф дар доираи ташаббуси хайрхоҳонаи худ 5 тонна ордро ба 80 оилаҳои камбизоат тақсим кард. Сокинони деҳа миннатдории худро ба ин оилаи эҳсонкор расонида, қайд карданд, ки иқдоми хайрхоҳонаи онҳоро дар ин рӯзҳои вазнин ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД