Ҳамасола рӯзи 1-уми июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Мо дар давоми ин ҳафта барои 410 кӯдак либосҳои идона омода карда, дар рӯзҳои 3-4-уми июн тақсим намудем.
Рӯзи аввали тақсимот дар Ҷамъияти «НЕКӢ» ва рӯзи дуюм дар ноҳияи Ибни Сино дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти «ИНЪОМ» баргузор гардид.
Барои саҳмгузорӣ дар омодасозии либосҳои идона, ба ширкати LC Waikiki ва намояндаи он дар Осиёи Марказӣ, ҷаноби Сердар Башак ва ҷаноби Ҳарун изҳори сипос мекунем.
Ҳамчунин барои саҳмгузорӣ бо 50 ҷуфт пойафзоли кӯдакона, ба соҳибкор ҷаноби Четин КАРАЕР миннатдории самимии худро баён мекунем.
Ҳар касе, ки кӯдаконро шод мекунад, шодӣ ва нишоти ӯ ҳамешагӣ бошад.
Бори дигар Иди Саиди Қурбон ба ҳамагон муборак бошад!