Commerc banl
Иди Рамазон расман 20-уми март эълон шуд
17.03.2026
Oila.tj
149

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди Фитр дар Тоҷикистон 20-юми март таҷлил мегардад.

Бино ба иттилои Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, имрӯз Шурои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, ба чунин натиҷа расидаанд. Бар асоси қарори Шурои уламо, намози иди Рамазон дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон соати 7:30-и рӯзи 20-уми март хонда мешавад.

Дар ҷаласа аз имомхатибон талаб карда шудааст, ки дар бораи расонидани ёрии моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ барои мардум мавъиза хонанд.

Фитри рӯза имсол 7 сомонӣ, закот барои 64 ҳазор сомонӣ 1 ҳазору 600 сомонӣ ва фидяи савм 14 сомонӣ барои як рӯз муайян шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД