arzon replenishment
Иброҳимҷон медали тилло овард
313

9-уми апрел дар рӯзи охири мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё миёни ҷавонон дар шаҳри Алмаато ҷудокорони тоҷик дурахшиши хуб нишон доданд. Дар ин бора сомонаи "Варзиш ТВ" хабар дод.

Иброҳимҷон Эмуродов миёни сангинвазнҳо тавонист, ки то ба финал роҳ ёбад ва муқобили ҷудокори мизбон Нурсултан Каблан пирӯзӣ ба даст оварда, аввалин нишони тиллоро барои Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасону ҷавонон соҳиб шавад.

Ҷудокори дигари кишвар Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода зери вазни то 81 кг дар рақобат барои нишони биринҷии мусобиқа бо Йегор Ракови қазоқ нерӯсанҷӣ карда, ғолибият ба даст овард. Ин нишони чаҳоруми биринҷии ҷудокорони тоҷик дар мусобиқи мазкур маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, дар рӯзи охири мусобиқа Умедҷон Раҷабов зери вазни то 90 кг дар рақобат барои нишони биринҷӣ аз ҷудокори мизбон Кудюрет Досюмов мағлуб шуда, мақоми 5-умро касб кард.

Сайфиддин Сайфиддинзода зери вазни то 81 кг мақоми 7-умро дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё миёни ҷавонон ишғол намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа ҷудокорони навраси тоҷик Лоиқ Қутбиддинов (-55кг), Ворис Назаров (-66кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (-73кг) ба гирифтани се медали биринҷӣ мушарраф гардида буданд. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудокорони мо бидуни натиҷаи назаррас мусобиқаро анҷом дода буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД