arzon replenishment
ИБРОҲИМ УСМОНОВ: БАДГУМОНИИ ЗАН МАРДРО БЕРОҲА МЕКУНАД!
3901

Солҳои ҳаштодум телевизиони Тоҷикистон «Муҳаббат ва оила» ном барномаи машщуре дошт. Моҷароҳои хонаводагӣ, худкушию худсӯзӣ ва сарнавишти тифлакони зиндаятим дар маркази ин барнома қарор доштанд. «Муҳаббат ва оила» ҳаводорони зиёде дошт. Мардум ба муаллифу барандаи барнома Иброҳим Усмонов эътиқоди зиёде доштанд ва дар номаҳояшон дар баробари арзи миннатдорӣ ҳамчунин аз дарду доғи рӯзгори хеш қисса мекарданд. “Худсӯзӣ не, худафрӯзӣ мебояд”-чунин буд ғояи «Муҳаббат ва оила» ва ин барнома киштии бахти садҳо оилаҳои ҷавонро аз шикаст наҷот бахшид.

Хушбахтона чанде пеш тақдир ин марди наҷиб-Иброҳим Усмонов ва ҳамсарашон Маҳрамбӣ Бозороваро меҳмони мо гардонд ва аз фурсат истифода бурда бо ин оилаи хушбахт суҳбати ҷолибе оростем.

Аз муҳовара

Мухбир:

-Солҳои охир вайроншавии оилаҳои ҷавон торафт меафзояд. Бархе падару модаронро гунаҳкор менамоянду гурӯҳи дигар ҷавононро маззамат мекунанд. Ба андешаи Шумо устувории оила ба кӣ ё ба чӣ вобста аст?

Иброҳим Усмонов:

-Аввалу аввал бояд бигӯям, ки дар оиладорӣ қолабе нест. Аз оилаи хубу бад панде гирифтан мумкин аст: он чи мо мегӯем, таҷрибаи рӯзгори мост ва шояд ба касе дарс шавад. Ривоят мекунанд, ки ду кас як умр бо ҳам якҷоя гашта боре ҳам ҷанг накардаанд. Сабаб мепурсанд. Мард ҷавоб медиҳад, ки мо пайваста даст ба даст мегаштем ва мехостем аз ҳамдигар қафо намонем. Метарсидем, ки агар дасти якдигарамонро сар диҳем, яке аз мо ба чуқурие меафтад. Ба хотири он, ки шарикам ба чоҳ наафтад, давад медавидаму истад меистодам. Тарси аз ҳамдигар ҷудо наафтидан моро хушбахт кард. Ҳамдигарфаҳмӣ пойдевори хушбахтии оилавист. Тарси гум кардани шахси азиз асосӣ хушбахтии ҳаёт аст.

Маҳрамбӣ Бозорова:

Аз паси шавҳарам намепоям!

-Аслан пойдевори оила аз худи зану шавҳар вобаста аст. Дар пойдорӣ ё ноустувории оилаи ҷавонон саҳми падару модарон низ бузург аст. Барои он, ки фарзанд дар зиндагӣ хушбахт гардад, саводнок ва соҳибкасб шуданаш лозим. Бадбахтона имрӯз падару модароне низ ёфт мешаванд, ки вазифаи худро танҳо дар таввалуд кардан ва хӯрондану пӯшондани фарзандон мебинанду халос. Дигар «ҳаволааш ба худо» мешавад. Барои саводнок гаштани фарзандон, касб омӯхтанашонашон кӯшиш намекунанд. Боре ба мактаб рафта, аз рафти хониши фарзандашон пурсон намешаванд. Хонаашонро мактаб-мактаби зиндагии фардои ҷавонон карда наметавонанд. Ин метавонад боиси пайдоиши ғурури беасос-мағрурӣ гардад. Ғурур мояи бадбахтӣ ва нокомӣ аст.

Мухбир:

-Фарзанд, ки ба балоғат расид, тӯйи бошукӯҳ ороста, хонадор карданашро қарз медонанд?

Маҳрамбӣ Бозорова:

-Бале, орзую ҳавасашонро дар ҳамин мебинанд. Албатта суру хурсандӣ кори хуб аст, аммо заминаи он бояд устувор бошад. Махсусан нисбати тақдири духтарон муносибати баъзе падару модарон нодуруст аст. Духтар, ки ба балоғат расид, падару модар танҳо бо номи нек бароварданашро вазифаи худ медонанд ва боре аз фарзанд намепурсанд, ки дар дил чӣ умеду орзу дорад. Яъне орзуи падару модар асосию орзуи фарзандашон дуюмдараҷа. Духтарон бояд дар хонаи падару модар одаму одамгарӣ ва эҳтиромро омӯзанд, дониши хуб гиранд, нозукиҳои пӯхтупазу рубучинро ёд гирифта, баъдан ба хонадони дигар раванд, то тавонанд шавҳару пайвандонашро эҳтиром намуда, лоиқи зиндагии хушбахтона гарданд. Чунин талабот дар мавриди писар низ ҳаст. Мутаассифона, бархе аз волидон худашон ниёз ба тарбия доранд. Ба ҷойи он, ки духтарро ба сабурӣ, эҳтироми шавҳару хусуру хушдоман, дилёбию меҳрубонӣ бо пайвандони хонадони нав талқин намоянд, ба дигар сӯ моил мекунонанд ва ҳатто кам ҳам бошад, калонсолоне ҳастанд, ки ба арӯсони ҷавон «панд» медиҳанд: «Духтарам, як маротиба бо обрӯ шавҳар карда, соҳиби фарзанд шудӣ, ҳаминаш кофист! Худата беҳуда гаранг накун, дарҳол ба суд ариза навишта, алименту хона талаб кун! Мурда-мурда хона харида медиҳад. Он вақт маза карда хӯрда мегардӣ!» Ҳамин гуна маслиҳатҳои беақлона духтаронро хонавайрону тифлакони бегуноҳро зиндаятим месозад.

Иброҳим Усмонов:

-Барои он, ки зану шавҳари ҷавон дигарон, аз ҷумла пайвандонро эҳтиром намоянд, бояд қаблан худашонро эҳтиром карда тавонанд, яъне, худшинос бошанд. Барои худшинос гаштан маърифати баланд лозим аст. Тарбияи маърифатии ҷавонон кори оила, тамоми ҷомеа, кори васоити ахбори омма аст. Мутассифона образи зан имрӯз дар матбуот танҳо манфист. Зан-фоҳиша! Зан фиребгар! Зан-дузд! Зан-гадо! Зан-ҷодугар! Албатта бо ин роҳ мо маърифати занону духтаронро баланд бардоштаю оилаҳоро пойдор намуда наметавонем. Дар матбуот имрӯз симои зани муваффақ, зане, ки дигарон ба вай пайравӣ намоянд, қариб, ки нест. Магар мо муаллима, журналист, духтур, олим, ходими ҷамъиятие надорем, ки онҳоро намунаи ибрат нишон диҳем? Дорем! Образи зани муваффақ ва хушбахтро бояд офарид, то ҳамин ғоя байни ҷавонон тарғиб шавад.

Мухбир:

-Андешаатон ҷон дорад, вале танҳо бо матбуот наметавон ин масъаларо ҳал намуд.

Иброҳим Усмонов:

-Албатта танҳо бо матбуот намешавад, хишти нахустини тарбияро падару модарон мегузоранд ва онҳо бояд барои хушбахтии фарзандонашон талош намоянд. Мутаасифона, дар мо одат шудааст, ки падару модарон бо фарзандонашон дар сари як дастархон нишаста дар бораи одоби оиладорӣ сӯҳбат намекунанд. Волидон бояд ба писарон талқин намоянд, ки зан ғулом не, чароғи хонадон, давомдиҳандаи насли инсон ва мавҷуди муқаддас аст. Ба духтарон бошад, сабурӣ, қаноатпешагӣ ва эҳтиром намудани худу шавҳару волидонашро бояд талқин кард. Дар баробари ҳамаи ин ба фарзандон масъулиятшиносиро бояд талқин намуд, то вазифаю мақоми худро дар оила дарк намоянд. Як чизи ниҳоят муҳим дар тарбия он аст, ки эҳтиром ва озодӣ, масъулият ва ҳамкории хонадониро ба ҷавонон фаҳмонем, то андешае чун «зан каниз» ё баръакс «зан лаҷоми мард» аз байн равад. Оилаи солим озод, обод ва меҳнаткаш мешавад.  

Маҳрамбӣ Бозорова:

-Анъанаи миллии мо чунин аст, ки духтар ба хонаи писар меояд. Арӯс бо падару модари шавҳараш зиндагӣ мекунад. Духтар, ки ба оилаи дигар келин шуда меравад, талқин бояд кард, ки дар муҳити нави оилавӣ босабр бошад, шавҳарашро самимона дӯст дорад ва бе маслиҳати ӯ кореро ба сомон нарасонад. Он гоҳ духтар хушбахт мешавад. Ман келинҳоямро мисол меорам. Саводноканд, забондонанд, кор мекунанд ва то имрӯз надидаам, ки бе маслиҳати шавҳаронашон кореро ба анҷом расонида бошанд. Либос хариданӣ шаванд, албатта ҳамроҳи шавҳар ба бозор ё мағоза меравад. Чизеро, ки ба шавҳар писанд нест, ҳеҷ гоҳ намехаранд. Мегӯянд, ҳар чизе мепӯшам, бояд ба шавҳарам писанд ояд. Ростӣ, ин хислати арӯсонамро меписандам, чунки ҳис мекунам, ки ин рафтор ба писаронам маъқул аст. Мебинам, ки роҳи дурусти зиндагиро ёфтаанд, бегумон ин ба тарбияи хонадонашон-қудоҳоямон вобаста аст. Шавҳарро дӯст дошта тавонистан ҳунар аст.

Иброҳим Усмонов:

-Дар оилаи мо мудохила намудан ба ҳаёти фарзандон танҳо дар он ҳолате равост, ки ниёз ба маслиҳат дошта бошанд. Дигар масъалаҳои оилавиашонро худашон мустақилона ҳал мекунанд. Охир онҳо хонаву дари худ, фарзандони худро доранд.

Мухбир:

-Фарзандонатон аз рӯйи панди «гапи падар қонун» амал мекунанд ё…?

Иброҳим Усмонов:

-Не, фарзандонм аз рӯи панди «мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз» зиндагӣ мекунанд. Ман фарзандонамро камтар аз худам намедонам. Муносибатам бо онҳо дӯстона аст. Дар баъзе корҳо ҳатто маслиҳат мепурсам, чунки онҳо ҷавонтаранд, забонҳои хориҷиро медонанд, бисёр мехонанд, бо интернет бештар сару кор доранд ва шояд дар мавриди баъзе масъалаҳо маълумоташон бештар аз фаҳмиши ман бошад.

Мухбир:

-Сирри хушбахтии оилавиатонро барои хонандагони «Оила» мекушоед?

Маҳрамбӣ Бозорова:

-Ману шавҳарам ҳамсабақем. Мо шаш нафар ҳамсабақон бо ҳамдигар оила бунёд карда будем ва ҳама хушбахт гаштанд. Сирри хушбахтиамон дар он аст, ки ҳамдигарро аз як нигоҳ мефаҳмем. Дар зиндагӣ аз аввал ба китобҳои бадеӣ такя менамудем. Зиёд асарҳои бадеиро мутоила намуда, кӯшиш мекардем, ки мисли қаҳрамонҳои мусбати асарҳо зиндагӣ кунем. Муҳаббатамон самимӣ ва аз ҳама чиз боло буд. Зиндагиро аз сифр сар карда будем, вале ҳеҷ гоҳ барои чизу чора, пулу мол ва зару зевар моҷарою гапгузаронӣ намекардем. Ҳеҷ гоҳ ману шавҳарам аз пайи пули муфту ҳаром надавидем. Шукр, даст ба дасти ҳамдигар дода, тамоми чизро бо меҳнати ҳалол соҳиб шудем. Тамоми чиз гуфта ман фарзандонамон ва эҳтироми мардумро дар назар дорам. Фарзанди боақлу бомаърифат қиматтарин ганҷи дунёст! Дар мавриди дунё бошад, ман худамро бовар кунондам, ки ҳеҷ кас ҳама чизи дунёро надорад, ҳеҷ кас қасрҳову бриллиантҳояшро ҳамроҳаш набудааст.  

Иброҳим Усмонов:

-Дар мисоли зиндагии худамон ман ҳаминро мегӯям, ки сирри асосии хушбахтии оилавӣ дар қонеъ будан аст. Мо иҷора менишастем, шукр мегуфтем, ки дар кӯча нестем. Чанд сол пас як хоначаро барои ду оила ҷудо карданд ва мо боз шукр гуфтем, ки соҳиби ин хонаи умумӣ гаштем. Ҳамин тавр шукр гуфтаю қаноат карда, зиндагии хушбахтона сохтем. Дар мавриди сирри хушбахтӣ як чизи дигарро бояд донист. Зиндагӣ танҳо шаҳду суруру театру тамошо нест, ҳаёт камбудӣ, дарду ғам, ноомад ва сахтӣ ҳам дорад. Инро ба ҳайси чизи оддӣ, табиӣ ва ногузир қабул ва тоқат кардан даркор аст. Мутаассифона, иддае аз ҷавонони имрӯза ана ҳамин қаноатро надоранд, барои ҳамин киштии бахташон бармаҳал мешиканад. Як мисоли оддие, ки сари ҳар қадам дучор мешавем. Мард ба хона дасти холӣ меояду зан дарҳол ардаба карда, чизеро талаб менамояд, ки аз доираи имконият берун аст. Зан медонад, ки алҳол шавҳараш имкон надорад, ки мисли ҳамсояи дорояшон ангуштарини бриллиантӣ бихарад, чунки чунин пули калон надорад, вале ду пояшро ба як мӯза андохта, мардро маҷбур месозад. Таъна мезанад, дӯғу пӯписа мекунад, дили мардро бо неши хори сухан меозорад. Оқибат мард аз алам рӯ ба шароб меорад, худро гум мекунад. Ҳамин тавр теша бар решаи ниҳоли бахт меояд ва оқибат рӯзе онро чаппагардон мекунад. Аз имкон зиёд, ки талаб кардӣ, поёнаш бадбахтист!

Мухбир:

-Боз як сабаби вайроншавии оилаҳои ҷавон рашк аст. Шумоён ба ҳамдигар рашк доштед?

Маҳрамбӣ Бозорова:

-Ман дар симои шавҳарам марди идеалиро медидам, вале ягон бор рашк накардаам. Ба ҳар кас Худо худаш инсоф диҳад, вагана бо поида гаштан аз паси мард муроде ҳосил намешавад. Тӯли ҳамин қадар соли ҳамқисматӣ ман ягон маротиба аз шавҳарам напурсидаам, ки дар куҷо мегарданду бо кӣ буданд. Ба ҷойи корашон ҳам ягон бор занг назадаам.

Иброҳим Усмонов:

-Рашки беасос сабаби вайроншавии оила мегардад. Баъзе ҷавонон мехоҳанд дар сари ҳамдигар хӯҷаин бошанд. Занҳои ҷавон баҳудаю беҳуда ба ҷои кори шавҳар телефон карда, бо ҳамин зангҳои бемаънӣ ба ҷони мард мерасонанд. Мардро бадгумонии ҳамсараш метавонад ба роҳи бад тела диҳад. Хатои дигари аксари ҷавонзанҳо дар он аст, ки мехоҳанд бо фарзанд мардро пойбанд намоянд. Албатта фарзанд азиз, вале онро ба савдо гузоштан гуноҳу ҷиноят аст. Аз ҳамин хотир панди модарамро ба ҷавонзанҳо ёдрас мешавам: «10 фарзанд таввалуд кунию дили шавҳаратро ёфта натавонӣ, зиндагиат оқибат вайрон мешавад!»

Дил мехоҳад соатҳо панди зиндагиомӯзи ин зану шавҳари хушбахтро бишнавад, вале бо ҳамин иктифо намуда, умед ба он мебандем, ки хонандагони азизи «Оила» аз журналисту олими намоён Иброҳим Усмонов ва ҳамсари бохираду боиффаташон Маҳрамбӣ Бозорова боз як дарси судманди ҳаёт омӯхтанд.

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД