Иқболой Носирова аз зумраи занони ҳунарманд ва боиродаест, ки нафъашон натанҳо ба оилаи худашон, балки ба дигарон низ мерасад. Бо ин зани мисли гул зебо ва ҳунарманд мо зимни сафари матбуотӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, ки онро Ташкилоти ҷамъиятии “Гендар ва тараққиёт” ба шарафи анҷомёбии лоиҳаи “Таҳкими иқтидори ҷомеъаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи занони зери хатар қарордошта ё қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ” ташкил карда буд, шинос шудем.
Он рӯз маҳсули дастони пурҳунари Иқболой ва шавҳараш қатори дигар баҳрабарандагони ин лоиҳа ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Кӯзаҳои пур аз нақшу нигори миллӣ ва ҳайкалчаҳои ҷозибаноки аз гил сохтаи ин зану шавҳари мӯъҷизакор бо зебоии нотакрорашон диққати ҳамаро ҷалб намуда, аксари иштирокчиён дар атрофи мизи онҳо ҷамъ шуда буданд ва бо ҳавас маҳсули дастони пурэъҷозашонро тамошо мекарданд.
Шавҳари Иқболойро ҳамчун марди панҷ панҷааш ҳунар натанҳо дар водии Ҳисор, балки дар сар то сари ҷумҳури мардум хуб мешиносанд. Фозилҷон Носиров кулолгари машҳур буда, аз гил кӯзаҳои мунаққаш ва ҳайкалчаҳои бениҳоят зебо месозад. Вай дар чандин фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзидаву ҳунараш натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ ҳаводорони бешумор дорад. Сайёҳони хориҷӣ маҳсули ҳунари ӯро харидорӣ намуда, ҳамчун армуғон ба кишвари худ мебаранд.
Тавре ки худи ҳунармнад гуфт, меҳмонони хориҷӣ аз Амрико, Чин, Олмон, Покистон, Ҳиндустон ва дигар давлатҳо суроғашро гирифта, меҳмони кошонааш мегарданд, то аз ҳунари зебову назаррабояш баҳравар гарданд.
Фозилҷон Носиров дар баробари кулолгарӣ ҳамчунин дар мактаби санъати бачагонаи шаҳри Турсунзода ба сифати омӯзгор кор карда, асрори ҳунари хешро ба насли наврас меомӯзонад, аз ҳамин сабаб ҳамсараш Иқболой роҳандозии кори сехи кулолгариро, ки зану шавҳар дар манзили худашон сохтаанд, бар дӯш гирифтааст.
“Ба мо як хуми калон барои пухтани маҳсулоти кулолӣ лозим буд. Азбаски нархаш каме гаронтар аст, худамон имконияти харидорӣ карданашро надоштем, бинобар ин, ман ба масъулини лоиҳаи “Таҳкими иқтидори ҷомеъаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи занони зери хатар қарордошта ё қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ” муроҷиат намудам. Хушбахтона лоиҳаи пешниҳодкардаам гузашт ва барои сохтани хуме, ки барои босифат гаштани маҳсулоти кулолиамон бениҳоят зарур буд, ба мо кӯмак расониданд. Ман аз агентии фаронсавӣ оид ба рушд AFD, ACTED, “Гендер ва тараққиёт” ва дигар шахсоне, ки ин лоиҳаро роҳандозӣ намудаанд, аз замин то осон миннатдорам” мегӯяд ин зани ҳунарманд.
Зимни суҳбат бо мо Иқболой иқрор шуд, ки аввалҳо вай касби кулолгариро дӯст намедошт ва ҳатто касабаи шавҳараш ғашашро меовард, вале рафта-рафта ба ин касб меҳр баста, дигар ҳаёташро бидуни ин ҳунар тасаввур карда наметавонад.
“Одатан аксари мардони тоҷик ба зан иҷозати хондан ва кор карданро намедиҳанд, вале шавҳари ман ҳамеша талқин мекарданд, ки зан бояд хонад ва соҳибмаълумот гардад. Ман маълумот надоштам, вале бо роҳнамоӣ ва кӯмаку дастигрии шавҳарам баъди ба камол расинидани фарзандонамон қариб дар синни 40-солагӣ ба коллеҷи омӯзгорӣ дохил шудам. Бовар мекунед, ману духтари калониам ҳарду баробар ҳуҷҷат супурда, модару духтар дар як рӯз донишҷӯ шудем”,- мегӯяд Иқболой бо табассум ва меафзояд, ки хондан пирӣ надорад ва зан дар ҳама синну сол метавонад соҳибмаълумоту соҳибкасб гардад, агар иродаи қавӣ дошта бошад ва барои расидан ба орзуҳояш талош намояд.
Имрӯз Иқболой дар баробари кулолгарию дӯзандагӣ дар ҷамоати деҳоти ноҳияи Шаҳринав кор мекунад, бар замми ин, онҳо дар хонаи худашон як меҳмонхонаи хеле аҷиб сохтаанд, ки бо дизайни аҷиб ва хӯрокҳои бомазааш диққати мизоҷон ва меҳмонони хориҷиро ба худ ҷабл мекунад. Иқболой дар баробари кулолгарӣ, дӯзандагӣ, кори давлат ва меҳмонхона боз ба ҷавонзанҳо ва духтарони деҳаашон ҳунару маҳорати кадбонугиро омӯхта, тарзи пухтани таомҳои гуногуни миллиро ва шириниҳои лазизро ёд медиҳад.
Мо ба ин зани панҷ панҷааш ҳунар ва шавҳари гулдасташ саодату хушиҳои бепоёни рӯзгорро таманно намуда, орзуи онро дорем, ки дигар оилаҳои тоҷик низ аз ин зану шавҳари меҳнатқарин ибрат гирифта, барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оилаи худ ва атрофиёнашон камари ҳиммат банданд. Беҳуда нагуфтаанд:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.