Ҳарчанд линзаҳои контактӣ чанд сол боз вуҷуд доранд, ҳанӯз ҳам дар бораи онҳо шубҳа ва нигаронӣ вуҷуд дорад, бахусус байни одамоне, ки муддати тӯлонӣ айнак истифода мекунанд ва одат кардаанд.
Имрӯз мо бартариҳои асосии ин усули ислоҳи бинишро дида мебароем, ки оё нуқсонҳои линзаҳои контактӣ дар ҳақиқат ҷиддӣ ҳастанд ё на.
Ҷиҳатҳои мусбатӣ линзаҳоги контактӣ
Биёед аввал дар бораи манфиатҳои линзаҳои контактӣ сӯҳбат кунем, зеро бешубҳа, онҳо хеле зиёданд.
Шумораи зиёди одамон пас аз истифодаи айнак линза гирифта, онро афзалтар медонанд. Линзаҳои контактӣ дар ҳаёти ҳаррӯза қулайанд?
Зебоӣ бартарии муҳими линзаҳои контактӣ мебошад. Сарфи назар аз он, ки ҳоло шумораи зиёди вариантҳои айнак вуҷуд доранд, на ҳама метавонанд як варианти комилан мувофиқро пайдо кунанд. Айнакҳо метавонанд ба чеҳраи шумо ё ранги либосатон мувофиқат накунанд. Бо линзаҳо чунин мушкилот вуҷуд надорад ,зеро шумо табии ба назар мерасед.
Линзаҳоро дар ҳама гуна ҳаво пӯшидан мумкин аст, вале соҳибони айнак хуб медонанд, ки пӯшидани айнак ҳангоми боридани борон ё барф комилан нороҳаткуннада аст. Вақте ки ҳарорат тағйир меёбад, масалан, вақте ки шумо дар фасли сармо ба ҳуҷра ворид мешавед, шиша туман гирифта, боиси нороҳатӣ мегардад. Бо линзаҳо чунин мушкилот вуҷуд надорад. Илова бар ин, дар ҳавои офтобӣ шумо метавонед ба осонӣ ҳар гуна айнаки офтобиро барои худ интихоб кунед ва бидуни ягон мушкилӣ пӯшед.
Линзаҳо назар ба айнак майдони биниши васеътар доранд. Линза ба чашм сахт ҷойгир шуда, бо ҳаракати чашмак ҳаракат мекунад. Дар бисёр ҳолатҳо, масалан, ҳангоми рондани мошин, ин хеле муҳим мешавад.
Хусусияти ҷолиби линзаҳои контактӣ қобилияти тағир додани намуди чашм мебошад. Тавре ки шумо медонед, линзаҳо метавонанд ранг карда шаванд. Ин ба шумо имкон медиҳад, киранги чашми худро бидуни зарар тағйир диҳед. Ҷиҳатҳои манфии линзаҳо хеле кам ба назар мерасанд.
Аввалан, бисёриҳо метарсанд, ки линза, ки ҷисми бегона дар чашм аст, метавонад боиси зиён, сироят ё аксуламали аллергӣ шавад. Имрӯз, тиб линзаҳои контактиро пешниҳод мекунад, ки аз маводе сохта шудаанд, ки комилан ҳис карда намешаванд.
Дуюм, нигарониҳо дар бораи раванди гузоштан ва аз чашм гирифтани линзаҳо мебошад. Бисёр одамон метарсанд, ки мустақилона манипулясияи чашмро анҷом диҳанд, зеро ҳарос доранд, ки аз уҳдаи ин кор баромада наметавонанд. Дар асл, ҳар кас метавонад линзаҳоро барорад ва пӯшад, аммо ба даст овардани малака каме вақт ва як қатор кӯшишҳоро талаб кунад.Ин камбудии линзаҳои контактӣ зуд ҳал шуда, тамоми раванд дар як муддати кӯтоҳ ба автоматикунонӣ оварда мешавад.
Сеюм, чунин мешуморанд, ки линзаҳо гарон ҳастанд.Аммо ин мушкилӣ ҳам ҳал шуда, имруз нархи линзаҳо чандон гарон нест.