Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, ки бо дастовардҳои худ номи тоҷикону Тоҷикистонро борҳо дар сатҳи ҷаҳон баланд бардоштааст, имрӯз мавлуд дорад.
Дилшод Назаров санаи 6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз овони хурдӣ ба варзиши сабуки намуди гурзандозӣ рағбат пайдо намуда, то ба дараҷаи устоди касби хеш расидааст.
Дилшод соли 1996 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2001 бомуваффақият хатм намудааст. Баъд аз хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2006 хатм намуд.
Дилшод барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанжоу, Чин) ва 2014 (Инҷон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё солҳои 2009 (Гуанжоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад.
Баъди ба даст овардани медали тиллои чемпионати ҷаҳонии “Рио-2016” санаи 26-уми августи соли 2016 бо сари баланду ифтихорманд ба Ватан баргашт.
Ӯ аз моҳи январи соли 2014 то феврали соли 2022 ба сифати муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт.
Дар ҷодаи варзиш устоди нахустини Дилшод модараш Зайтуна Назарова ба ҳисоб меравад. Инчунин дар баробари модараш Назаров зери мураббигии Юрий Александрович Пискунов ва Владимир Машков таълими варзиш гирифтааст.
Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj ин рӯзи фархундаро ба варзишгари беҳамто Дилшод Назаров муборакбод мегӯянд!