Дар доираи созишномаи давлатие, ки байни Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2024 ба имзо расида буд, гурӯҳи аввали муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор ба ин кишвар сафарбар карда шуданд.
Тибқи иттилои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тариқи барномаи "Employment Permit System" (EPS) барои кор дар бахши кафшергарӣ ва истеҳсолот ба Корея фиристода шудаанд.
Қабл аз сафар муҳоҷирон имтиҳони забони кореягиро супурдаанд ва маҳорати касбиашон низ санҷида шудааст. Нахустин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик, ки ба ин кишвар фиристода шуданд, аз 3 нафар иборат буда, аз ҷониби корфармои кореягӣ интихоб шуданд. Корфармо ба муҳоҷирон раводиди кории 5-сола медиҳад.
Чанд шаҳрванди дигари кишвари мо низ барои кор дар Корея қабул шудаанд ва баъди дарёфти раводид ба ин давлат сафар мекунанд.
Дар маҷмуъ номи 58 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба портали корҷӯёни “SPAS” барои пайдо кардани кор дар бахши кафшергарӣ ва истеҳсолот дар Корея ворид карда шудааст.
Ёдрас мешавем, ки донистани забони куриёӣ дар сатҳи муошират, доштани шаҳодатномаи касбӣ, яъне диплом ё сертификат, надоштани доғи судӣ ва солим будан шартҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар мебошанд.
Муҳоҷироне, ки забони куриёиро медонанд ва хоҳиши дар Корея кор кардан доранд, метавонанд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа дар кучаи Лоҳутӣ 80, шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
Рақамҳо барои тамос: 221-39-67; 221-39-83
Whatsapp, Telegram: +992930934994