Arzon march 2024
Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Рустами Эмомалӣ мулоқот мекунад
402

 

Пешвои миллати туркман Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов субҳи имрӯз ба Тоҷикистон омад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ мешавад. Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Туркманистон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

Тибқи барномаи сафар, Пешвои миллии халқи туркман - Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Раслузода мулоқот намуда, дар барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон - «Шоми дӯстӣ» иштирок менамояд. Дар ин бора “Ховар” хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД