Гумонбари садамаи маргборе, ки бар асари он сарояндаи маъруф Некрӯз Ниёзов ба ҳалокат расид, Файзулло Комёб Машраб гуфта мешавад.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, ӯ писари ректори Донишгоҳи славяни Россия ва Тоҷикистон Файзулло Машраб Қурбоналӣ аст.
Барои тасдиқи ин хабар мо ба қабулгоҳи Файзулло Машраб дар Донишгоҳи славянӣ занг задем, аммо гуфтанд, ректор дар ҷойи кораш нест ва ёвараш ҳам гуфт, дар бораи ин садама чизе гуфта наметавонад.
Як манбаи боэътимод аз донишгоҳи мазкур зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, Файзулло Машраб 6 фарзанд дорад ва номи яке аз писаронаш Комёб аст.
“Файзулло Қурбоналиевич чунин фарзанд дорад. Бале, ӯ ҳамин тавр ном дорад. Ӯ донишҷӯи факултаи иқтисод, молия ва қарзи Донишгоҳи славянӣ аст”, - гуфт манбаи мо.
Як манбаи дигар дар ҳайати роҳбарияти донишгоҳи мазкур низ ин хабаррро тасдиқ карда, гуфт, ректор писаре бо ин ном дорад, вале тафсилоти бештар надод. Ӯ гуфт, чун ректор дар дигар ошёна аст, дар бораи дар куҷо буданаш чизе намедонад. Худи Файзулло Машраб ба зангҳои мо ба телефони дастиаш ҷавоб надод, ҳарчанд он фаъол аст.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз соати 22:30 ронандаи «Lexus RX350», рақами қайди давлатиаш 4800СС01, шаҳрванд, Файзулло Комёб Машраб санаи таваллудаш 05.04.2005, зода вa истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи А. Навоӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи А.Дониш, аз самти кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Дӯстии Халқҳо, дар рӯ ба рӯи бинои «Маркази миллии ташхиси озуқаворӣ» ба автомашинаи тамғаи «Lexus RX350» 1981WM01, таҳти идораи Аҳтамзода Оятулло Хушбахт, санаи таваллудаш 11.09.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев бархӯрдааст.
Қаблан, соли 2020 Вазорати корҳои дохилӣ рақами мазкурро 4800 СС 01 мутаалиқ ба нақлиёти тамғаи Тайота-Прадо мансуб ба Эмомов Ҳ. М. гуфтаст.
Ҷасади сарояндаро субҳ наздиконаш аз беморхонаи “Шифобахш” гирифта, ба зодгоҳаш барои дафн бурдаанд.