arzon replenishment
Гулзода Маҳмадшоҳ: Аз хориҷи кишвар омӯзгорон надорем
696

"Дар соли 2022  14 нафар омӯзгорони донишгоҳи мо ба дигар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишвар барои омӯзгорӣ рафтаанд. Берун аз кишвар чи қадаре ки набошанд, он қадар аҳамияти ҷиддӣ намедиҳем. Чунки фоизи хеле кам аст ва барои донишгоҳи тиббӣ такони ҷиддӣ намебахшад. Зеро дар соли 2021 унвоннокӣ 44 фоизро ташкил медод, имрӯз бошад он ба 44, 5 фоиз расидааст." 

Гулзода Маҳмадшоҳ дар нишасти матбуотиии имрӯза, роҷеъ ба саволи хабарнигори сомонаи ОИЛА, ки "Чӣ қадар омӯзгорон аз донишгоҳи тиббӣ ба дигар кишварҳо рафтанд?" ин посухи болозикрро ироа кард. 

Таъсис додани Маркази стимулиатсионӣ яке аз навгониҳои Донишгоҳи тиббӣ маҳсуб меёбад. Ҳадафи таъсис додани маркази мазкур баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ мебошад.

Давоми соли 2022 ягон омӯзгорон аз хориҷӣ кишвар ба донишгоҳи тиббӣ ба кор наомадаанд.

Дар Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино панҷ факулта ва 60 кафедра фаъолият мекунад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД