Соли таҳсили 2022-2023 2075 донишҷӯ донишгоҳро хатм намуданд, ки аз он 436 тоаш донишҷӯёни хориҷӣ мебошанд. Онҳо асосан аз давлтаҳои Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Афғонистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Бангладеш, Туркменистон ва Русия буданд, ки аксарашон бо ихтисосҳои Кори табобатӣ хатм кардаанд.
Ҳамчунин факултаҳои Нигаҳдории тандурстӣ ва стаматологиро низ хатм кардаанд.
Гулзода Маҳмадшо, Ректори Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон ба номи Абу алӣ Ибни Сино дар нишасти хабарии имрӯза дар ин бора ба хабарнигорон маълумот доданд. Ӯ дар ин замина қайд кард, ки ҳамасола донишгоҳ мо 500 нафар донишҷӯёни хориҷиро қабул мекунем ва онҳо тариқи онлайн имтиҳон месупоранд. Кишварҳое, ки ба давлати мо наздиканд, омада дар худи донишгоҳ имтиҳони қабул месупоранд.
Тавре иттилоъ дорем, Донишгоҳи Тибби Тоҷикистон дар раванди қабули довталабон аввалин донишгоҳест, ки аз ҷиҳати қабули доваталабон сад фисад иҷро шудааст.
Ректор ҳам дар ин самт қайд карданд, ки тақсимот ва имтиҳонсупорӣ дар Маркази Миллии Тестӣ баргузор мегардад. Дархосте, ки мувоффиқи иҷозатномае, ки мо дорем, пурра ҳамаи донишҷӯён аз ҷониби марказ қабул шудааст ва қабули довталабон то 6 августи соли ҷорӣ давом дорад.
Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон аз ҷумлаи донишгоҳҳои бонуфузи кишвар маҳсуб ёфта ҳамасола садҳо мутахассисро ҳам барои кишвар ва ҳам барои хориҷ омода мекунад. Дар Донишгоҳ бо се забон тоҷикӣ-русӣ- ва англисӣ таҳсилро ба роҳ мондааст.